Ссылки доступа

Афзоиши нархи гӯшт ва посухҳои зиддунақизи мақомдорони тоҷик


Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, нархи гӯшти гов дар чанде аз бозорҳои кишвар аз 85 то 90 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба як моҳи гузашта 13 ва як соли пеш 27 дарсад афзоиш ёфтааст.

Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, дар гузориши ахири худ то 19-уми август қимати миёнаи гӯшти говро дар бозорҳои саросари кишвар бештар аз 79 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Субҳи 21-уми август бархе сокинон гуфтанд, нархи гӯшт дар баъзе дукону мағозаҳо аз 90 сомонӣ низ боло аст ва сабаби онро намедонанд. Болоравии нархи гушт аз моҳи июл шурӯъ шуда, сабаби он дар нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ аз мансабдорони тоҷик матраҳ шуд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабабро дар кам шудани саршумори чорво маънидод кард.

Вале раҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, камшавии саршумори чорво вуҷуд надорад, балки сабаб дар афзоиши нархи хӯроки чорво аст, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Машокир Назарзода, муовини вазири кишварзӣ гуфт, яке аз сабабҳои дигари болоравии нархи гӯшти гов ин "беҳад зиёд шудани талаботи аҳолӣ" ба истеъмоли гӯшт аст.

Тибқи иттилои расмӣ, солона ба ҳар як сокини кишвар 47 кило гӯшти чорво рост меояд. Чизе, ки сокинон мегӯянд, бо далели гарон будан на ҳамеша ба он дастрасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG