Рӯзи 25-уми август автобуси аввалӣ ҳангоми ҳаракат дар наздикии шаҳраки Озод Патан, дар марзи вилояти Панҷоб ва Кашмири таҳти контроли Покистон ба дара афтодааст ва 22 мусофир ҷон додаанд.
Дар садамаи дигар ва дар айни ҳодиса дар шоҳроҳи Макрон дар вилояти Балучистон 12 нафар кушта шудаанд. Ин афрод мехостаанд, ба Эрон бираванд, вале онҳоро роҳ надодаанд.
Дар Покистон садамаҳои нақлиётӣ зиёд сурат мегирад ва сабабҳои онро беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат, роҳҳои вайрон ва риоят накардани қоидаҳои амниятӣ медонанд.