Ссылки доступа

Аз узбекистониҳои муқими Туркия хостанд, ҳангоми интихоби мактаб эҳтиёткор бошанд


Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Истанбул аз шаҳрвандони кишвари худ даъват кардааст, ки ҳангоми интихоби мактаб барои фарзандонашон дар Туркия аз эҳтиёт кор бигиранд.

"Дар мактабҳо дарсҳои динӣ бар пояи ақидаи аҳли суннат сурат мегиранд, аммо аз ҷониби бархе аз омӯзгорон ба донишҷӯён таҳмил кардани ақидаҳои муътадили исломӣ метавонад дар оянда боиси ихтилофоти идеологӣ дар ҷомеа шавад", - омадааст дар изҳороти консулгарӣ.

Ин даъват дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти мактабҳои кудакона барои узбекистониҳо ба таври густарда нашр мешаванд ва дар эълонҳо гуфта мешавад, ки мактабҳоро кишварҳои хориҷӣ сарпарастӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG