Ссылки доступа

Ҳукумат ба нерӯгоҳи "Роғун" тақрибан 4 миллион доллари дигар дод


TAJIKISTAN -- Rogun HPP
TAJIKISTAN -- Rogun HPP

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" боз 40 миллион сомонӣ (3,7 миллион доллар) ҷудо кардааст. Қарори ҳукумат дар охири моҳи июл қабул шуда, Радиои Озодӣ 26-уми август бо муҳтавои он шинос шуд.

Бар асоси ин санад, 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби даромад ё фоидаи корхонаҳои давлатӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" дода мешавад.

Дар соли равон ин бори сеюм аст, ки ҳукумат барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пул медиҳад. Пеш аз ин, ҳукумати Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва апрели соли равон барои “Роғун” 160 миллион сомонӣ (14,5 миллион доллар) ҷудо карда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт барои нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро “ҳаёту мамот” меномад, аз буҷаи кишвар миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Дар айни замон мақомот барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд. Моҳи июни имсол Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ карда буд.

Миллионҳо сомонӣ дар ҳоле барои “Роғун” ҷудо мешавад, ки арзиши сохтмони нерӯгоҳ давоми 16 соли охир ду баробар зиёд шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ки радабандии Standard & Poor's Global Ratings нашр кард, барои пурра сохтани “Роғун” то соли 2035 6,4 миллиард доллар лозим аст. Соли 2008 ҳукумати Тоҷикистон арзиши сохтмони “Роғун”-ро 3 миллиард доллар гуфта буд.

Мақомот "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гаронӣ мегӯянд, вале мухолифони сиёсии онҳо афзоиши хароҷотро ба фасоди молӣ ва набуди шаффофият дар харҷи сармояҳо бастагӣ медиҳанд.

То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ сохта шудааст. Чарха ё агрегати сеюми “Роғун” ба гуфтаи президент Эмомалӣ Раҳмон бояд соли 2025 ба истифода дода шавад.

XS
SM
MD
LG