Намояндаи ҷабрдида Ҷаҳонгир Сайфуллоев ба рӯзноманигорон гуфтааст, духтарро латтукӯб карда, таҳдид ба қатл мекардаанд.
"Ӯро маҷбур мекардаанд, ки бр ивази маблағ бо мардҳои гуногун амалҳои маҳрамона анҷом диҳад", - изҳор доштааст Сайфуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи онҳое, ки нисбат ба духтар амалҳои хушунатомез анҷом додаанд, дар ҳоли ҳозир дар озодӣ ҳастанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар даъват кардааст, ки дастандаркорони ин ҳодиса муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.