Ҷудоиталабони балуч рӯзи 26-уми август ба идораҳои пулис, роҳҳои оҳану мошингард ҳамла карда, бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд. Онҳо мегӯянд, ҳукумати марказӣ ҳаққи балучҳоро нодида мегирад ва зулм мекунад.
Ин ҳамлаи бузургтарини ҷудоиталабони балуч дар чанд соли охир буд, ки ҳадафашон ҷудо кардани вилояти Балуҷистон аз Покистон аст. Балуҷистон, дар ҷанубу ғарби Покистон минтақаи ғанӣ аз сарватҳои табиӣ аст, ки аксари конҳои онро Чин коркард мекунад.
Муҳсин Нақвӣ, вазири корҳои дохилии Покистон ҳадафи ҳамларо эҷоди беназмӣ дар кишвар номид: "Мо хуб медонем, ки пушти ҳамла кист ва чӣ ҳадаф дорад. Чунин ҳамлаҳо нақшаи хуб андешидашуда ҳастанд, ки дар як рӯз амалӣ мешаванд. Инро ҳамла ба худ медонем. Бешубҳа, тасмими раҳбарият ин аст, ки бо тамоми тавоноӣ ба он посух бидиҳем."
Низомиёни покистонӣ гуфтанд, дар ҳамла ба қатору ва мусофирбарҳо 14 сарбоз ва 21 ҷангҷӯ кушта шудааст.
Мақомоти Балуҷистон хабар доданд, ки чил тан аз сокинони маҳаллӣ низ ҷон бохтаанд.
Артиши озодибахши балуч, як гурӯҳи мусаллаҳ дар Балучистон гуфтааст, ҳамла кори онҳо буд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки пайомадҳои ҳамлааш бештар аз он аст, ки ҳукумат мегӯяд.
Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон ваъдаи интиқом дод ва гуфт, ҳамлагарон дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.