"Тавассути раъйпурсӣ қазоқистониён метавонанд дар бораи ояндаи кишвари мо бар асоси манбаи энержии устувору босамар ва бидуни карбон тасмим бигиранд", - изҳор доштааст ӯ.
Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.
Тоқаев баъди нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.
Сафири Қазоқистон дар Русия Даурен Абаев 4 майи имсол ба хабаргузории ТАСС изҳор дошта буд, ки эҳтимол раъйпурсӣ охири соли равон баргузор шавад.