Ссылки доступа

Боздошти корманди мизи ҳарбӣ барои омода кардани билети қалбакӣ


Оҷонсии зидди фасод нисбати як корманди мизи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми омода намудани билети ҳарбӣ парванда боз кардааст. Ин масъули мизи ҳарбӣ ба гирифтани 22 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад. Назари Абдуллоев И. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Оҷонсӣ 27-уми август дар хабарномае навишт, Абдуллоев И. барои додани билети ҳарбии қалбакӣ аз як нафар 12 ҳазор сомонӣ ($ 1132) ва аз каси дигар 10 ҳазор сомонӣ ($943) гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, алайҳи Абдуллоев ва ҳамдастонаш бар иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247) ва сохтакории санад (моддаи 340)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд. Парвандаи онҳоро ба додгоҳ фиристодаанд, аммо маълум нест ҳукм содир шудааст ё не.

Солҳои гузашта низ чандин мақомдор дар робита ба додани билети ҳарбӣ боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG