Дар паёми худ ба муносибати оғози соли нави таҳсил, ки рӯзи 1-уми сентябр дар саҳни мактаби бозсозишудаи 19-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши мақоми омӯзгор дар кишвар, тарки касб кардани муаллимон ва камбуди омӯзгорони болаёқат изҳори нигаронӣ кард. Пештар вазири маориф гуфта буд, ки дар мактабҳои ҷумҳурӣ беш аз 2600 омӯзгор намерасад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Агар муаллим намебуд, ман ва ҳамаи шумо, вазирону мансабдороне, ки ин ҷо нишастаед, дар ин ҷо буда наметавонистед”. Ин сухан сабаби кафкӯбиҳои бардавом ва аз ҷой бархостани ширкаткунандагони ҳамоиш гардид.
Президенти Тоҷикистон ҷалби мактабиёни пешсаф ва донишҷӯёнро ба риштаи омӯзгорӣ муҳим хонд, вале афзуд, маоши муаллимон боло бурда шуда, ҳукумат тарҳи Қонуни мақоми омӯзгорро, ки заминаҳои афзоиши ин мақомро фароҳам орад, омода ва пешниҳод кунад.
Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки сармоягузорӣ ба соҳаи маориф дар ҳоли афзоиш аст: “Агар дар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда… дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд.”
Дар ҳамоиш се донишҷӯ суҳбат карданд, ки ба комёбихо ноил гаштаанд. Ҳангоми пурсуҷӯ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ошкор шуд, ки падари ду нафари онҳо муҳоҷирони кориянд.
Ин духтар мегӯяд, 5 забонро аз худ ва дар Малайзия таҳсил кард, аммо падараш дар муҳоҷират
Пас аз ин суҳбат бо толор қатъ гардид. Аммо дар идома эроду танқидҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт, ки аз ҷумла пулҷамъкунӣ аз хонандагон, дар дарсҳо ширкат накардани омӯзгорон ва тафтиши зиёди мактабҳо ҳамчун омилҳои манфӣ номбар шуданд.
Аз ҳама бештар Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози мансабдорон баровардани мактабиёнро шадидан танқид кард. “Вазир омадааст, биёяд, корашро кунад, на ин ки кӯдаконро дар ҳавои хунук, барфу борон қатор монед. Чӣ даркор аст ин? Ман борҳо ин корро манъ кардам, боз мебинам. Накунед ин корро!” -- хитоб кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ин дар ҳолест, ки барои пешвозгирии худи ӯ дар шаҳру ноҳияҳо садҳо хонандаи мактаб сари роҳ бароварда мешаванд ва вазифадоранд бо шеъру шодбошӣ ӯро пешвоз гиранд.
Дар айни суханҳои танқидии раисиҷумҳури Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахши ҳамзамонии ҷамъомадро қатъ карданд. Ҳамоишро ҳамаи каналҳои телевизионӣ намоиш медоданд, вале маълум нест, ба чӣ сабаб ин ҷамъомад то охир нишон дода нашуд.
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор мактаб ҳаст ва 2 миллиону 280 ҳазор хонанда. Якуми сентябр имсол ба рӯзи якшанбе рост омад, вале бо вуҷуди истироҳатӣ будани ин рӯз дар тақвим, кӯдакону наврасон ба мактаб рафтанд.