Нусратулло ва Ҳокимҷон Қурбоновҳо ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам ҳастанд. Пайвандони Қурбоновҳо мегӯянд, омодаанд зарари расондаро барқарор кунанд.
Мақомот мегӯянд, онҳо ҳангоми бунёди бинои баландошёна дар маркази Душанбе як хонаро ба ду нафар фурӯхтаанд. Нусратулло Қурбонов дар соли 2022 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "баъзе хато дар ҷобаҷогузории муштариён шудааст ва ислоҳ мешавад".
Зафар Қурбонов, раиси ширкати “Кристал” ва бародари Қурбоновҳо, рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳардуи онҳо қисман ба гуноҳи худ иқрор буда, омода ҳастанд, зиёни расидаи молиро ба сокинон барқарор кунанд.
Вай аз он шикоят кард, ки баъд аз боздошти роҳбарони ширкат идораи пул ба ихтиёри коршарики онҳо, Ҳукмиддин Зайниддинов, гузаштааст.
Ҳукмиддин Зайниддинов, намояндаи ваколатдори ширкати "Horgas Haotong trade co ltd" ва Ҳакимҷон Қурбонов моҳи сентябри соли 2021 қарордоди ҳамкорӣ бастаанд. Тақсими 50 ба 50-и фоида бахше аз он аст. Талошҳои мо барои суҳбат бо Ҳукмиддин Зайниддинов натиҷа надод.
Дар ҳамин ҳол, муштариёни ширкати “Муҳаммад 2009” аз эҳтимоли зиндонӣ шудани Қурбоновҳо ва “ба ҳаво рафтани” пулҳои додаашон нигарон ҳастанд. Онҳо талаб доранд, ки Нусратулло ва Ҳокимҷон Қурбоновҳо ё хонаи нав бидиҳанд ё пули онҳоро баргардонанд.
Раъно Гадоеваи 60-сола гуфт, манзили куҳнаашро фурӯхта, ба 37 ҳазор доллар аз ширкати “Муҳаммад 2009” хона харид, вале даҳ сол боз бо фарзандону набераҳояш аз ин манзил ба он манзили иҷора мегардад.
Теъдоди умумии муштариёни ширкат 450 нафар будааст. Солҳои охир бо бештар шудани сохтмони биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон шикоятҳо аз кори ширкатҳои хонасоз низ афздуааст.
Баъзе сокинон аз пурра анҷом нашудани сохтмони манзилҳояшон ва сифати пасти онҳо дар пойтахт шикоят доранд. Пештар шаҳрдории Душанбе дастур дода буд, ки назоратро аз кори ширкатҳои бинокор сахттар кунанд, вале шкиоятҳо аз байн нарафтаанд.