Ссылки доступа

Русия ҳамсари "Абу Довуд"-ро 11 сол зиндонӣ кард


Мадина Бондаренко аз “Абу Довуд” се тифл дорад
Мадина Бондаренко аз “Абу Довуд” се тифл дорад

Додгоҳе дар вилояти Ростови лаби Дони Русия ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ҷангҷӯйи тоҷики узви ДОИШ-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Мадина Бондаренко дар аввали моҳи август содир шуд.

Мақомоти Русия ба таври расмӣ ҳукмро шарҳ надодаанд, вале яке аз наздикони Мадина Бондаренко рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро “ба узвият ба созмони террористӣ гунаҳкор донистанд”.

Мақомоти Тоҷикистон ин зан, шавҳараш ва чор кӯдакашро дар соли 2022 аз Туркия ба Душанбе оварданд. Тоҷикистон соли 2023 Мадинаро бо дархости Русия ба ин кишвар супурд. Ӯ расман аз соли 2017 таҳти ҷустуҷӯи Русия қарор дошт. Ҳанӯз ҳам номаш дар ин феҳрист ҷой дорад.

Парвиз Саидраҳмоновро соли гузашта дар Тоҷикистон ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.

Мадина Бондаренко осетинӣ ва шаҳрванди Русия буда, аз “Абу Довуд” се тифл дорад. Нафаре, ки бо мо суҳбат кард, гуфт, Мадина узвияташро дар созмони террористӣ напазируфта, гуфтааст, “Абу Довуд” ӯро бо фиреб ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия бурд.

Парвиз Саидраҳмонов ба муфаттишони рус дар Душанбе баёнот додааст, ки ҳамсараш аз аввал медонист, ки ӯ дар Сурия аст ва соли 2017 ихтиёрӣ ба назди ӯ омада буд. Ба гуфтаи наздикони Мадина, ҳамин шоҳидии “Абу Довуд” боис шудааст, ки ӯро 11 сол зиндонӣ кунанд.

Нафари огоҳ аз қазия гуфт, додрас дар содир кардани ҳукм фарзанди ноболиғ доштани ӯро ба эътибор нагирифт. Додгоҳ гуфтааст, се фарзанди ӯ шаҳрванди Русия нестанд ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар тарбияи давлат қарор доранд.

Соли 2023, вақте Мадина Бондаренкоро аз Тоҷикистон ба Русия истирдод карданд, се фарзандашро ба ӯ надоданд. Кӯшиши наздиконаш барои овардани фарзандони ӯ ба Русия то ҳол натиҷа надодааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар аввали соли 2024 гуфтанд, баъзе аз кӯдаконеро, ки аз Сурия ва Ироқ овардаанд, ба наздиконашон супурданд. Пайвандони аксар кӯдакон шикоят доранд, ки ҳанӯз онҳоро ба тарбияташон надоданд.

Бар асоси маълумоти ёфтаи Радиои Озодӣ, қисме аз кӯдаконеро, ки аз Ироқу Сурия оварда шудаанд, дар мактаб-интернатҳои Душанбе нигоҳ медоранд. Бештари онҳо ба истилоҳ ятими кул ҳастанд. Падару модаронашон ё куштаву нопадид шудаанд ё ба солҳои дароз дар Сурия ва Ироқ зиндонӣ ҳастанд. Бархе ҳатто бобову бибӣ надоранд.

Гурӯҳи дигаре ҳам ҳаст, ки наздиконашон талош мекунанд, вале мақомот майли ба тарбияи онҳо супурдани кӯдаконро надоранд. Аз ҷумла, чор фарзанди “Абу Довуд”, ки се нафараш аз Мадина Бондаренко ва як нафари дигараш аз Ситора Фозилова (ҳамсари дигари Парвиз Саидраҳмонов) ҳастанд, ҳанӯз дар мактаб-интернат нигаҳдорӣ мешаванд.

Модари Ситора Фозилова солҳо боз талош дорад, ки набераашро бигирад, вале мактубҳояш ба мақомот беҷавобанд ва касе то кунун арзашро баррасӣ накардааст.

Мақомот мегӯянд, кӯдаконе, ки аз Сурия ва Ироқ оварда шудаанд, ба тарбияи вижа ниёз доранд, чун онҷо бо шеваи сахт мағзшӯӣ шудаанд.

Тоҷикистон дар панҷ соли охир наздик ба чорсад зану кӯдакро аз Сурияву Ироқ ба ватан баргардонд ва ҳанӯз ҳам теъдоди дигаре дар паноҳгоҳи “Ал Ҳавл”-и Сурия мондаанд.

XS
SM
MD
LG