Ссылки доступа

Ҳаҷми нафақа дар Қирғизистон зиёд шуд


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров қарор дар бораи боло бурдани нафақаи шаҳрвандонро аз 1 октябри имсол имзо кардааст.

Дар қарор гуфта шуда, ки ҳаҷми умумии нафақа бо назардошти иловапулиҳо набояд аз 6900 сом кам бошад.

Қаблан президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам хабар дод, ки ҳамаи намуди нафақа дар ин кишвар аз 1 октябри имсол аз 6800 сом кам нахоҳад буд.

"Марҳалаи аввали болоравии нафақа аз 1 июл оғоз мешавад. Корро дар ин самт идома медиҳем. Мо сахт кор мекунем, ки то ҳар чи зудтар пардохтҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз дастмузди рӯзгузаронӣ бештар бошанд. Албатта, барои ин сол лозим аст, вале мо ҳатман ба ҳадаф хоҳем расид", - изҳор дошт ӯ.

Ҳаҷми нафақа дар Қирғизистон бори охир моҳи октябри соли гузашта афзоиш ёфта буд. Мақомоти Қирғизистон он замон гуфтанд, ки нафақаро 38 дарсад зиёд кардаанд.

XS
SM
MD
LG