Ссылки доступа

Қазоқистон аз шаҳрвандонаш хост, Украинаро тарк кунанд


Сафорати Қазоқистон дар шаҳри Киев 5 сентябр ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки қаламрави Украинаро тарк кунанд.

"Ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳем, ки ба далели афзоиши ташаннуҷи вазъ ва амниятӣ қаламрави Украинаро тарк кунанд”, - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Ба қазоқистониҳои муқими Украина пешниҳод шудааст, ки аз роҳи заминӣ ба Лаҳистон ё Молдова рафта, аз онҷо ба ватан парвоз кунанд.

Дар бораи он ки дар ҳоли ҳозир чи қадар қазоқистонӣ дар Украина аст, маълумоте пешниҳод карда нашудааст.

Қазоқистон моҳи октябри соли 2022 низ аз шаҳрвандони худ хоста буд, Украинаро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG