Ссылки доступа

Вакилони рус мехоҳанд, фарзанди муҳоҷир дигар бепул таҳсил накунад


Қарор аст, имрӯз, 6-уми сентябр тарҳи баҳсбарангези қонунеро ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кунанд, ки дар сурати қабул, таҳсили ройгони фарзандони хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷиронро аз байн мебарад.

Тарҳи тағйири Қонун дар бораи маорифро ҷиноҳи Ҳизби либерал-демократ, як ҳизби миллатгаро ва шӯҳратталаби Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст. Расонаҳои Русия аз қавли Ярослав Нилов, узви ҳизб ва раиси Кумитаи кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва собиқадорон навиштаанд, ки Русия бояд “дигар ба накӯкорӣ дар ҳаққи хориҷиён”-ро хотима бидиҳад ва аз онҳо барои таҳсили бачаҳояшон пул бигирад.

Хабаргузории ТАСС аз ҷумла Ярослав Ниловро иқтибос кардааст, ки мегӯяд: “Пешниҳод мекунем, ки ба ин ҳамосаи накӯкорӣ поён дода шавад, ки имкон медиҳад, фарзандони хориҷиён аз ҳисоби буҷаи Русия ва аз ҳисоби молиётдиҳандагони мо таҳсил кунанд. Онҳо на танҳо ройгон мехонанд, балки қоида ва фарҳанги худро бор мекунанд. Агар волидони хориҷӣ мехоҳанд, пас бачаҳояшонро бар асоси қарордод дар муассисаҳои таълимии мо бимонанд. Бигзоред, синфҳои қарордодӣ боз кунанд. Бачаҳои мо набояд, аз ҳузури беш аз ҳадди фарзандони коргарони хориҷӣ ранҷ кашанд.”

Бар асоси тарҳи пешниҳодии вакилони рус, бояд ба Қонун дар бораи маориф дар Русия ислоҳот ворид шавад, ки то кунун иҷоза медиҳад, бачаҳои хориҷиён мисли фарзандони шаҳрвандони Русия дар кӯдакистону мактабҳо ройгон таҳсил кунанд. Дар тарҳи пешниҳодӣ омадааст, ки фарзандони хориҷиён бар асоси қарордод ва пулакӣ ба мактабу кӯдакистонҳо роҳ дода шаванд.

Муаллифони қонун барои собит кардани иддаоҳои худ дар Думаи давлатӣ дар шарҳи пешниҳоди худ гуфтаанд, ки солҳои ахир теъдоди кӯдакони муҳоҷирон дар кӯдакистону мактабҳои Русия якбора зиёд шудааст. Дар шарҳи расмӣ омадааст: “Афзоиши беназми фарзандони хориҷиён дар кӯдакистону мактабҳо сабаби норасоии ҷой барои муҳассилин шудааст. Айни замон дар мактабҳои Русия тақрибан 900 ҳазор ҷой барои муҳассилин намерасад.”

Ҳоло маълум нест, ки тарҳи мазкур дар Думаи давлатии Русия қабул мешавад, ё не, вале дар сурати тасвиб, зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ аз ҷумла аз Тоҷикистонро сахттар хоҳад кард. Дар Русия, ки мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст, садҳо ҳазор кӯдаки тоҷикистонӣ дар кӯдакистону мактабҳои он таҳсил мекунанд.

Аз ин пештар Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар як сӯҳбат дар шаҳри Самара гуфт, ки масъалаи танзими муҳоҷират яке аз авлавиятҳои кори порлумон ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, онҳо қонунеро қабул кунанд, иҷоза намедиҳад, муҳоҷири мавсимӣ хонаводаи худро ба Русия биёрад. Ба қавли ӯ, то кунун вакилони мардумӣ 6 қонуни вобаста ба муҳоҷиратро қабул кардаанд ва айни замон чанд қонуни дигар дар ин замина дар ҷузвдони вакилони мардумӣ ҳаст.

Муҳоҷирситезӣ ва бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия аз пеш вуҷуд дошт, вале баъд аз ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав дар моҳи март авҷ гирифт. Мақомоти интизомии Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва муҳоҷирони кориро омилони аслии ин ҳамлаи шубҳабарангез номиданд ва боздошту ихроҷи онҳоро бисёр зиёд карданд. Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, танҳо дар 7 моҳи гузашта бештар аз 90 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ин кишвар ва рондаан ва зоҳиран на камтар аз 20 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, доман задани масъалаи муҳоҷирон як талоши Русия барои дур кардани афкори умум аз мушкилоти дохилӣ ва ҷанг дар Украина аст. Валентина Чупик, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ки барои кораш ӯро аз Русия ронданд, чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин ҳама кори мақомоти Русия “дур кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ аз қарорҳои баде аст, ки ҳукуматдорони Русия қабул мекунанд."

XS
SM
MD
LG