Изҳороти муштараки "Human Rights Watch", "Amnesty International", "Шарикии байналмилалӣ дар умури ҳуқуқи инсон", "Civil Rights Defenders", Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ, "Article 19", "International Federation for Human Rights" ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа дар ин бора ахиран нашр шуд.
"Ин як далели дигар дар бораи он аст, ки ҳукумати Қирғизистон мехоҳад ба ҷойи ҳалли мушкилиҳои бозтобшуда садоҳои интиқодиро хомӯш созад. Ин ҳамлаи ғайриқобили қабул ба озодии матбуот аст", - омадааст дар изҳорот.
Додгоҳи Бишкек рӯзи 9-уми феврал бо талаби Додситонии пойтахти Қирғизистон дар бораи барҳам додани Бунёди иҷтимоии “Kloop Media” қарор бароварда буд. Додгоҳи олии Қирғизистон низ ахиран аз ин қарор ҷонибдорӣ кард.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қарори додгоҳ дар бораи бастани “Kloop”-ро дар он кишвар шарҳ дода, гуфт, "додрасҳо бидуни асос қарор содир намекунанд. Шумо худ шоҳид будед, ки онҳо чандин бор матлабҳои якҷониба ва дуруғ нашр карданд”.
Додситон Эмилбек Абдуманнофов тобистони соли 2023 иддао карда буд, ки матлабҳои расона “рӯҳияи манфӣ” доранд ва ҳадафашон “бадном кардани мансабдорон аст”.
Масъулони “Kloop Media” гуфтанд, бо қарор розӣ нестанд ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Сомонаи “Kloop” бо талаби Вазорати фарҳангу иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон аз моҳи сентябри соли 2023 дар ин кишвар дастнорас аст. Сабаби ин тасмим матлабе “дар бораи шиканҷаи фаъолони сиёсии мухолиф” гардид.