Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки вазъи сиҳатии Киличев дар маҳбас бад шудааст.
Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
Рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёт 1 афсар кушта ва 175 кас захмӣ шуд.