Ссылки доступа

Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ба Русия сафар накунанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Сафорат рӯзи 10-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия назорати сахт ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳоло ба Русия наоянд.

Намояндагии Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти бештар надодааст, вале дар чанд моҳи ахир Русия ҳазорон тоҷикистониро ба ин кишвар роҳ надод ё ихроҷ кард.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки дар ним соли ахир аз Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Рӯзи 5-уми сентябр Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ аз шаҳрвандонаш хоста буд, ки ба Русия нараванд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, вазъ дар ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон рӯз то рӯз мушкилтар мешавад. Ба гуфтаи муҳоҷирон, пулиси рус бо эҳсоси миллатбадбинӣ ва нажодпарастӣ бо онҳо бархӯрд мекунанд ва ҳар касеро хостанд, аз ин кишвар меронанд.

Ҳамарӯза пулиси Русия аз боздошту ихроҷи муҳоҷирони "ғайриқонунӣ" хабар медиҳад.

Тоҷикистон як кишвари фақири Осиёи Марказӣ аст, ки аксари шаҳрвандонаш ҷои кор надоранд, аз ин рӯ, маҷбуранд, барои ҷустуҷӯи кор ба Русия бираванд.

Тибқи ҳисобҳои мухталиф, дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бештари муҳоҷирон мегӯянд, пас аз ҳодисаи ҳамла ба "Крокус" фишор ба ҳаде расидааст, ки дигар кору зиндагӣ дар Русия "тоқатфарсо" шудааст.

Русия ҳамлаи маргбор ба толори мусиқии "Крокус" дар моҳи мартро кори дасти шаҳрвандони Тоҷикистон донист. Ҳанӯз мақомоти ин кишвар ҳеч далеле барои даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод накардаанд, вале беш аз даҳ нафарро боздошт намуда, фишор болои муҳоҷирони тоҷикро бо ин баҳона афзоиш додаанд.

Моҳи апрели имсол низ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хоста буд, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG