Ин тасмим дар пайи нишасти намояндагони корхонаҳои роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таҳияи ҷадвали ҳаракати қатораҳои байналмилалии мусофирбар дар соли 2025, ки дар Маскав баргузор шуд, гирифта шудааст.
Мақомоти роҳи оҳани Қирғизистон гуфтаанд, ки дар ин нишаст тавонистаанд бо ҳамтоёни русу қазоқи худ ба созиш бирасанд.
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни Маскав ва Бишкек соли 2020 қатъ шуда буд.