Ссылки доступа

Мунозираи Трамп ва Ҳаррис. Аз буҳрони муҳоҷират то Эрон ва Исроил


Нахустин мунозира миёни Доналд Трамп ва Камала Ҳаррис, ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар шаҳри Филаделфияи иёлати Пенсилвания баргузор шуд. Дар ин мунозира ин ду рақиб ба якдигар тохтанд ва аз барномаҳои якдигар интиқод карданд.

Дар ин мунозираи 90-дақиқаӣ ба мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла сиёсати дохилӣ, фигона (ҳаққи сақти ҷанин), буҳрони муҳоҷират, сиёсати хориҷӣ ва ҷанг дар Украина ва Ховари Миёна пардохта шуд. Дар ин мунозира Ҳаррис ва Трамп тақрибан дар ҳамаи ин мавзӯъҳо бо якдигар ихтилофи назар доштанд.

Доналд Трамп дар ҷараёни мунозира борҳо ба масъалаи буҳрони муҳоҷират ба унвони калиди аслиии мушкилоти Амрико ишора кард ва Камала Ҳаррис ва ҳукумати Ҷо Байденро ба нокомӣ дар ҳалли ин буҳрон муттаҳам сохт.

Трамп чандин бор дар ин мунозира ва дар посух ба пурсишҳои гуногун таъкид кард, ки "хориҷиҳои қонуншикан" ба Амрико ҳуҷум оварда, бо ба вуҷуд овардани мушкилоти амниятӣ, боиси камбуди ҷойҳои корӣ дар ин кишвар шудаанд.

Ӯ ҳамчунин роҳҳалли бисёре аз мушкилоти имрӯзи Амрикоро сохтани девор барои манъи вуруди хориҷиҳои ба гуфтаи ӯ, "ҷинояткор" хонд.

Дар муқобил, хонум Ҳаррис дар давоми ин мунозира, ки ба мизбонии шабакаи телевизионии ABC баргузор мешуд, аз раъйдиҳандагони амрикоӣ хост, то иҷоза надиҳанд бори дигар ба гузашта баргарданд ва ҷанҷолҳое, ки "мардум аз он хаста ҳастанд", такрор шавад.

Дар масъалаи ҳаққи сақти ҷанин ҳам ду номзад дидгоҳҳои комилан мухталафе доштанд. Дар ҳоле, ки Камала Ҳаррис аз зарурияти қабули қонуне дар сатҳи миллӣ барои ҳаққи сақти ҷанини занон сухан гуфт, Доналд Трамп таъкид кард, ки ин иёлатҳо ҳастанд, ки бояд ҳар кадом бар асоси салоҳдиди худ дар ин робита қонунҳо қабул кунанд.

Ду тараф барномаҳои иқтисодии якдигарро ба баҳс кашиданд. Доналд Трамп Камала Ҳаррисро муттаҳам кард, ки ҳамчун падараш марксист аст ва бо сиёсатҳои иқтисодиаш мардуми Амрикоро фақиртар хоҳад кард. Дар муқобил, муовини Ҷо Байден иддао кард, ки Трамп ва сиёсатҳои иқтисодии ӯ танҳо ба фоидаи сарватмандон ва ба зарари табақаи миёнаҳол аст.

Дар сиёсати хориҷӣ Трамп Ҳаррисро муттаҳам кард, ки аз Исроил бадаш меояд ва дар сурате, ки ӯ ба пирӯзӣ бирасад, давоми ду сол Исроил нобуд хоҳад шуд.

Трамп ҳамчунин иддао кард, ки Ҳаррис аз мардуми араб низ бадаш меояд ва илова кард, ки бо раёсати ҷумҳурии эҳтимолии Ҳаррис, вазъ дар Ховари Миёна аз ин бадтар хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико бори дигар суҳбатҳои худро дар баробари Эронро такрор кард ва таъкид намуд, "Теҳрон дар замони президентии ӯ ҳеҷ пуле барои ҳимоят аз террористҳо надошт" ва дар сурате, ки ӯ ҳамчунин дар Кохи Сафед ҳузур дошт, ҳаргиз "Ҳамос" наметавонист ба Исроил ҳамла кунад".

Дар посух Камала Ҳаррис таъкид кард, ки Трамп дурӯғ мегӯяд ва ӯ ҳамеша бар ҳимоят аз Исроил бовар дорад. Ҳаррис бо ишора ба ин ки Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад, афзуд, ки аз 7-уми октябр фаластиниҳои бегуноҳи зиёде кушта шудаанд, ки дар байни онҳо кӯдакон ва модарони фаровоне будаанд. Ҳаррис ҳамчунин таъкид кард, ки ин ҷанг бояд поён ёбад.

Дар бахши дигар вобаста ба сиёсати хориҷӣ, Камала Ҳаррис ишора кард, ки раҳбарони ҷаҳон ба Трамп механданд ва аз канор рафтани ӯ аз қудрат хушҳол шудаанд. Ӯ ҳамчунин Трампро фарде ошиқи диктаторҳо хонд, ки ҳамаи онҳо аз бозгашти ӯ ба Кохи Сафед истиқбол хоҳанд кард.

Дар муқобил, Доналд Трамп посух дод, ки Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон борҳо аз ӯ тавсиф кард ва Трампро ба унвони як раҳбари қудратманд ва тавонманд мавриди ситоиш қарор дод.

Дар бораи Русия, Камала Ҳаррис таъкид кард, ки ИМА иттиҳоди таърихӣ дар НАТО алайҳи ҳамлаи Путин ба Украинаро эҷод кард ва ба нафъи Амрико аст, ки Русия дар ин ҷанг шикаст бихӯрад. Дар муқобил Трамп таъкид кард, ки манфиатҳои Амрико ин аст, ки ин ҷанг ҳарчӣ зудтар поён ёбад.

XS
SM
MD
LG