Ссылки доступа

Мунозираи Трамп ва Ҳаррис. Аз буҳрони муҳоҷират то Эрон ва Исроил (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Мунозираи Трамп ва Ҳаррис. Аз буҳрони муҳоҷират то Эрон ва Исроил. Нахустин мунозира миёни Доналд Трамп ва Камала Ҳаррис, ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар шаҳри Филаделфияи иёлати Пенсилвания баргузор шуд. Дар ин мунозира ин ду рақиб ба якдигар тохтанд ва аз барномаҳои якдигар интиқод карданд. (видео)

- Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ба Русия сафар накунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Сафорат рӯзи 10-уми сентябр хабар дод, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия назорати сахт ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳоло ба Русия наоянд. (видео)

- Қимати газ дар Тоҷикистон дигарбора боло рафт. Дар Тоҷикистон қимати гази моеъ, яке аз серистифодатин навъи сӯзишворӣ - дар муқоиса бо моҳҳои гузашта бисёр боло рафтааст. Бар асоси мушоҳидаҳои муассисаҳои имдодӣ қимати як литри гази моеъ назар ба як моҳ пеш ҳоло 17 дар сад ва дар муқоиса ба соли гузашта 30 дарсад болотар аст. (видео)

- Дарс дар мактаби “Сомониён”оғоз шуд, мушкил мондааст. Дар ягона мактаби миёнаи муҳоҷирони афғон дар Душанбе, 10-уми сентябр соли нави таҳсил шурӯъ шуд. Дари мактаб дар ҳоле дубора боз шуд, ки ҳамоно масъалаи иҷозатномаи фаъолият дар ин муассиса ҳалли худро наёфтааст. (видео)

- Қаламрави давлати сомониён бузургтар будааст. Давлате, ки Исмоили Сомонӣ асос гузошт, паҳнояш бештар аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯз буд. Як муҳаққиқи тоҷик дар таҳқиқи худ марзи давлати Сомониёнро дақиқ намудааст. (ВИДЕО)

- Дар Русия паҳлавони тоҷикро ба мусобиқаи байналмилалӣ роҳ надоданд. (видео)

- "Фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия боиси коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон мешавад". Бонки ҷаҳонӣ, тағйирот дар қонунгузориҳои Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва поин рафтани рубли русиро аз омилҳое, медонад, ки метавонад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузорад.Ин ниҳоди байналмилалии молӣ чунин пешбинияшро дар як гузориши тозаи худ зикр кардааст. (видео)

- Дар Хуҷанд фаъолони шаҳрвандӣ дар бораи ҳамоҳангиву ҳамкории бештар ҳарф заданд. (видео)

- Рӯзи 8 сентябр овозхон маъруфи тоҷик Далер Назаров 65-сола мешавад. Ду рӯз қабл аз ин ҷашн ӯ сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ шуд. Номи ин ҳунарманд берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам машҳур аст. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ки оё Далер Назаровро мешиносанд ва кадом сурудҳояшро меписанданд? (видео)

- "Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфтааст". Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқдони шинохта, ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад. Ӯ рӯзи 12-уми июли имсол дастгир шуд. Наздиконаш мегӯянд, аз он лаҳза то кунун ба ӯ ба боздоштгоҳ хӯроку либос мебаранд. (видео)

- Бавария: "Мубориза бо ифротгароӣ" ё "исломситезӣ"? Вазорати корҳои дохилии вилояти Баварияи Олмон навореро, ки бо иддаои мубориза бо тундгароии исломӣ нашр карда буд, пас аз танқидҳои сахт пок кард. (видео)

- Ҳамлаи навбатии Бастрикин ба муҳоҷирон. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар вилояти Маскавро нигарокунанда номидааст. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 3-юми сентябри соли 2024. Додгоҳи Русия чор муҳоҷири тоҷикро барои куштори ҳамватанонашон аз озодӣ маҳрум кард, узви ДОИШ Парвиз Саидраҳмонов дар Тоҷикистон маҳбус асту ҳамсараш дар зиндони Русия, ҳашари мардумӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва мушкили мактабҳои динии Фаронса. (видео)

- Фаронса дастгирии молии мактабҳои диниро маҳдуд мекунад. Дар чорчӯби мубориза бо ҷудоихоҳии исломӣ Президенти Фаронса Эмануэл Макрон иқдомҳои ҷиддӣ раҳандозӣ намуда, аз ҷумла сармоягузории мактабҳои диниро маҳдуд кардааст. Аммо устодон ва волидони муҳассилини ин мактабҳо исрор меварзанд, ки ифротгароҳои динӣ дар ин гуна мактабҳо таҳсил намекунанд. (видео)

- Милиса фиребгари нобиноёни Ҳамадониро меҷӯяд. Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст. (видео)

- Кай пули пайвасткунандаи Душанбе бо Рӯдакиву Ваҳдат таъмир мешавад? (видео)

- Милиса фиребгари нобиноёни Ҳамадониро меҷӯяд. Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст. (видео)

- Баҳси оилаи маъюбон бо ширкати Раҳмон-2016. Бо афзоиши сохтмони баландошёнаҳо дар Душанбе шикоят аз ноадолатиҳо ва нодида гирифтани ҳаққи сокинон низ зиёд шудааст. Як хонаводаи иборат аз чаҳор маълул аз як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе шикоят доранд, ки ноодилона замини онҳоро гирифта мехоҳад, дар ҷояш баландошёна созад. (видео)

- Ба муҳоҷирон дар Тоҷикистон кор медиҳанд? Бо идомаи рондани муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва ё бозгашти ихтиёрии онҳо масъалаи таъмини лашкари азими муҳоҷирони рондашуда бо кор пеш омадааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, кор зиёд аст, вале муҳоҷирони собиқ худашон намехоҳанд дар ватану пеши фарзандон кор кунанд. (видео)

- Дар Норак осоишгоҳҳо зиёд ва мушкилсоз шудаанд. Шаҳри Норакро аксаран бо нерӯгоҳи машҳураш мешиносанд. Аз соли 2015 гирифта, таваҷҷӯҳ ба гардишгарии дохиливу хориҷӣ дар ин шаҳр бештар шуд. Обанбори он ба ҷойи қаиқронӣ ва оббозӣ табдил ёфтааст. Аммо раиси ноҳия дар як нишасти хабарӣ аз сайёҳони дохилӣ шиква кард. (видео)

- Даъват ба артиш оғоз шуд. Бо ё бе "сарбозшикор" мегузарад? Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август бо имзои фармоне даъвати тирамоҳиро ба артиш эълон кард. Тибқи он, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба сарбозӣ мебаранд. Сокинон солҳо боз аз “сарбозшикор”-у зӯроварӣ шикоят мекунанд. (видео)

- "Гаравгонгирон”-и тоҷики Волгоград чикора буданд? Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гаравгонгирӣ дар зиндони Волгогради Русия муттаҳам ва дар амалиёти нерӯҳои вижа кушта шуданд, ба фарзияи мақомоти рус дар бораи пайравии онҳо аз гурӯҳҳои тундрав бовар надоранд. (видео)

- Чаро мактабҳои Русия бачаҳои муҳоҷиронро намегиранд? Ҳазорон тифли муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия мунтазиранд, ки ҳафтаи оянда онҳоро ба мактаб қабул мекунанд ва бачаҳо ба дарс идома медиҳанд. Вале орзуи бисёре аз онҳо шояд амалӣ нашавад ва пушти дар бимонанд, зеро мактабҳои Русия дигар ба сахтӣ фарзандони муҳоҷиронро қабул мекунанд. (видео)

- Атмия Азимоваро чаро дубора зиндонӣ карданд? Атмия Азимова, ки баъди раҳоӣ аз зиндон барои худ ва бист ҳамтақдираш ҷойи кор офарида буд, дигарбора дастгиру ҳабс шудааст. Мақомот ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор карданд. Худаш як сол пеш дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз санҷишу “даъват”-ҳои маъмурони милиса дар Хуҷанд шикоят дошт. (видео)

- Барои чӣ раққоса будан дар Тоҷикистон сахт аст? Дар Тоҷикистон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки зери фишори ҷомеаи муҳофизакор ва ҳоло мазҳабӣ мумкин аст, яке аз ҳунарҳои қадима ва зебои тоҷикон, яъне рақс аз байн биравад. Рақсидану раққосиву раққосагӣ солҳои ахир ба истилоҳ обрӯяшро аз даст додааст. (видео)

- 100 сомонии нав ва мушкили терминалҳо дар Тоҷикистон. Терминалҳои бештари бонкҳои Тоҷикистон пули 100-сомонии намунаи соли 2021-ро бо вуҷуди чанд сол пеш ба муомилот баромадан, ҳанӯз ҳам қабул намекунанд. Сокинон мегӯянд, ин чиз онҳоро саргардон ва корашонро мушкил кардааст. (видео)

- Дар Суҷа "занону пирон мондаанд". Хабарнигор чӣ дид? Шаҳри Суҷа, ки зери назари нерӯҳои Украина аст, тақрибан холӣ шудааст. Чанд сокини ҳайрону саргардон талош доранд, ки зинда монанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август ҳамроҳи рӯзноманигорони дигари украинӣ ба дидани Суҷа рафт. (видео)

- Манъи густурдаи вуруди муҳоҷирон ба Русия идома дорад. (видео)

- Камала Ҳаррис расман довталаби курсии президенти ИМА шуд. (видео)

- 176 ҳазор рейд. Ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷир аз Русия.
Додгоҳҳои Русия дар шаш моҳи аввали имсол қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷирро содир кардаанд. Дар ин муддат мақомоти Русия барои ёфтани муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил дорад, 176 ҳазор “рейд” баргузор карданд (видео)

- Боздошти бераҳмонаи муҳоҷир дар Санкт-Петербург (видео)

- Ҳаёт дар манзили офатзадаи ноҳияи Восеъ. Аз сели харобиоваре, ки деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъро пахш кард, се моҳ гузашт ва бо гузашти вақт як ҷабрдидаи ин офати табиӣ то рафт бештар ноумед мешавад (видео)

- Дар Тоҷикистон гардиши рубли русӣ бештар шудааст. Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст (видео)

- Сокинон дар бораи кори табибон чӣ мегӯянд? 18 август дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи табибон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз кори табибон тавсиф мекунанд, аммо аз мушкилоташон, аз ҷумла кам будани маош камтар мегӯянд. Назарҳо ба кори пизишкон яксон нест (видео)

- Додситон боздошти имом дар Суғдро шарҳ дод. Додситони вилояти Суғд баъди 4 моҳ боздошти имомхатиб ва муовини як масҷиди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расман шарҳ дод (видео)

- Тоҷикистон аз куҷо ним миллиард доллар меёбад? Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ду баробар зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда барои буҷа душворӣ нахоҳад дошт, "чун пул ҳаст" (видео)

- Хадамоти гумрук фасодро дар сабти телефонҳо тасдиқ кард. Масъулони Хадамоти гумрук боздошти чанд маъмури ин ниҳоди вобаста ба ҳукумати Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Маъмуроне, ки масъули сабти шохис ё IMEI-и телефону плагшетҳо дар фурудгоҳҳо буданд.

- Дар Кӯлоб майдони нишони миллӣ боз таъмирталаб шудааст. (видео)

- Русия мехоҳад YouTube-ро маҳдуд ё пурра манъ кунад. Ҳазорон корбар дар Русия шикоят доранд, ки дастрасӣ ба Ютуб дар ин кишвар номумкин шудааст ва ё ба сахтӣ видеоҳоро мекушоянду мебинанд. Вебсайти "Downdetector", ки қатъи кори торнамоҳоро мушоҳидаву сабт мекунад, хабар дод, ки шикоятҳо аксаран аз Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург мерасанд. (видео)

- ВКД кушторҳои пайиҳамро дар Конибодом шарҳ дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз муддати тӯлонӣ қатлҳои пайиҳаму тарснокро дар шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд шарҳ дод. Ба қавли Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазир, қатли ду оила дар натиҷаи муноқишаи хонаводагӣ будааст. (видео)

- Дар Деваштич мактаберо бо пули муҳоҷирон бозсозӣ мекунанд.

- Дар Кӯлоб соҳибхонаи шуҷоъ дуздро дастгир карда, ба милиса супурдааст. Дар шаҳри Кӯлоб то кунун баҳс сари як парвандаи дуздӣ идома дорад ва ҷабрдидагон мақомоти интизомиро танқид мекунанд, ки корашонро дуруст анҷом намедиҳанд. Соҳибхонае, ки дузди ноболиғро худаш боздошт кардааст, мегӯяд, ӯ танҳо набуд. (видео)

- Сарнавишти норӯшани пасандозҳои бонкҳои муфлисшуда. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бозгардонидани пули муштариёни бонкҳои варшикаста идома дорад ва мардуме, ки дар ин бонкҳо амонат доштанд, ҳаққи худро ба тадриҷ мегиранд. (видео)

- Алсу Қурмашева: "Хашмгин нестам, нафрат надорам". Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Озодӣ, 9 моҳро дар зиндони Русия гузаронд. Ӯ ҳафтае пеш ҳангоми табодули маҳбусон миёни Русия, Амрико ва кишварҳои дигар озод шуд. Мегӯяд, азоби зиндонро фаромӯш накардааст, вале аз пайвастан бо оилааш хушҳол аст.

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми августи соли 2024. Ихроҷи беш аз 17 ҳазор тоҷик дар соли равон аз Русия; ғоратгарии афсарони рус дар боздоштгоҳи "Сахарово"-и Маскав; суҳбат бо хабарнигори раҳошудаи Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева ва оғози режими сафари бидуни раводид байни Тоҷикистону Эрон. (видео)

- Русия дар шаш моҳ 17 ҳазор тоҷикистониро ихроҷ кардааст.

- Бозгашти беш аз 80 ҳазор зани тоҷик аз муҳоҷират. Дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 нафар зиёд аст. Аммо гуфта намешавад, чӣ шуморе аз онҳо ихроҷ шудаанд ва чӣ қадарашон бо хоҳиши худ бозгаштаанд. (видео)

- Афзоиши нархи газ: Омили берунӣ ё натиҷаи нобаробарӣ? Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст. Муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши баҳои гази моеъро “муваққатӣ” донист ва ба “омилҳои мавсимӣ” пайванд дод. Дигарон чӣ мегӯянд? (видео)

- Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ то дандон мусаллаҳ мешаванд? Кишварҳои Осиёи Марказӣ буҷаи бахши низомии худро афзоиш медиҳанд. Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо дар соли 2023 барои беҳтар кардани иқтидори низомии худ қариб ду миллиард доллар харҷ кардаанд. Чӣ мақомоти ин кишварҳоро водор мекунад, ки хароҷоти низомии худро зиёд кунанд? (видео)

- Ҷойи барқгирии мошинҳои барқӣ дар Айнӣ танг шудааст. Даҳҳо мошини барқии чинӣ дар нимароҳи Душанбе-Хуҷанд аз бебарқӣ дармондаанд ва тақрибан як ҳафта аст, аз ноҳияи Айнӣ берун шуда наметавонанд. Дар инҷо чанд нуқтаи барқгирӣ барои мошинҳо буд вале ҳоло кор намекунанд, чун, нерӯи барқи онҳоро қатъ кардаанд. (видео)

- Чаро Корхонаи алюминийро ба додгоҳ кашиданд? "Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Шабакаҳои тақсимоти барқ" даъво дорад.

- Муҷозоти 33 кас барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Беш аз 30 нафарро дар минтақаи Кӯлоб ба гуноҳи чидани пистаи хом ҷазо додаанд. Тоҳир Амиршоҳзода, мудири хоҷагии ҷангали минтақа, ҳафтае пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чаҳор нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, шаш нафар дар хоҷагии ҷангали Саричашма, 25 нафар дар хоҷагии ҷангали Данғара.”

- Қоидаҳои ҷарроҳӣ барои зебоӣ сахт мешавад. Дар Тоҷикистон торафт шумораи зиёди сокинон барои зебо шудан худро зери теғи ҷарроҳи пластикӣ мегузоранд. Дар гузашта онҳое, ки маблағи кофӣ доштанд, барои анҷоми чунин амалиёт ба хориҷ мерафтанд. Аммо талаботи рузафзун дар дохил ҳоло теъдоди марказҳои косметилогиро бештар намудааст. (видео)

- Салом хоҳар. Зиндониёни собиқ чӣ ҳол доранд? Баъди 5 ё 10 ва 20 соли зиндон онҳоро дар озодӣ чӣ интизор аст? Касе мунтазирашон ҳаст? Аз зиндон озод мешаванд, аммо оё доғи сангини “зиндонӣ” домани онҳоро ба зудӣ сар хоҳад дод? Бозгашти занони зиндонии собиқ ба зиндагии одӣ мавзӯи барномаи Салом хоҳар аст. (видео)

- Боздошти муҳоҷирон дар мошини саршор аз харбузаи содиротӣ. (видео)

- Муҷозот барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб аз хом чидани писта нигаронӣ мекунанд. Одатан мавсими пистачинӣ моҳи август сар мешавад вале ҷангалбонҳо аллакай аз мардуми маҳаллӣ садҳо кило ин меваи худрӯи кӯҳистониро,ки норасид чида шудааст мусодира карданд. (видео)

- Дар табодули маҳбусон хабарнигори Радиои Озодӣ озод мешавад. Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад. (видео)

- Раиси Конибодом аз боздошти як гумонбар хабар дод. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини деҳаи Санҷидзор хабар дод. Ин ҳодиса ду моҳ пеш рух дода, дар минтақа сарусадои зиёд барпо кард. (видео)

- Нақшаи қабули донишҷӯёнро кам кардаанд. Ба сабаби он ки дар се соли охир қисме аз курсиҳои холии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон пур нашуд, бо пешниҳоди Маркази Миллии Тестӣ нақшаи қабули довталабонро ҳудуди 10 дарсад кам кардаанд. (видео)

- "Муҳоҷирон нестанд, рафҳои баъзе аз фурӯшгоҳҳо холист".Мақомоти Русия дар ним сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз ҳудуди ин кишвар берун кардаанд. Тавре ба назар мерасад, амалиёти пайваста дар моҳҳои охир ва ихроҷи муҳоҷирон боис шуд, ки дар баъзе аз вилоятҳои Русия камбуди ҷиддии нерӯи корӣ ба амал омадааст. (видео)

- Мақомоти Суғд умед доранд, ки шаҳраки Сайҳун бо кумаки коршарикони хориҷӣ бунёд мешавад. (видео)

- Манъи рондани "самокат" муҳоҷиронро бекор мекунад? Як тасмими нави мақомоти рус сабаби нигаронии амиқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шудааст. Думаи Давлатии Русия пешниҳоди боло бурдани ҷаримаро барои ронандаҳои "самокатҳо" қабул кардааст. Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши садамаҳо гуфта мешавад, вале муҳоҷирон фишори навбатӣ меноманд. (видео)

- Муфтӣ гуфт, кадом либосҳоро ба занон тавсия медиҳанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, мақомот бар сари таҳияи либоси тавсиявӣ барои сокинон кор мекунанд. Масъалаи либоси ба истилоҳ бегона, ки бо қабули қонуни нави танзим пӯшидани он манъ шуд, мавзӯи баҳс дар нишасти матбуотии Кумитаи дин буд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG