Ссылки доступа

Дуздии беш аз 2 млрд сӯм дар Федератсияи шиноварии Узбекистон


Масъулони Федератсияи шиноварии Узбекистон дар дуздии беш аз 2 миллиард сӯм гумонбар мешаванд.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, 15 касе, ки узви дастаи мунтахаби шиноварӣ нестанд, аз ҷумла ду узви хонаводаи дабири кулли федератсия бо пулҳои буҷа ба Туркия фиристода шудаанд. Барои истироҳати онҳо дар Туркия федератсия 405 миллион ҷудо кардааст.

Ҳамчунин 458 миллион сӯми дигар тариқи фармонҳои сохта азхуд карда шудааст. Илова бар ин, масъулони федератсия 1,2 миллиард сӯмеро, ки сармоягузорон барои баргузор кардани мусобиқаҳои байналмилалии шиноварӣ дода буданд, азхуд кардаанд.

Зидди масъулони федератсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG