- Ҷойи кори муҳоҷиронро дар Маскав ба дигарон медиҳанд. Маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон, дар Русия бештар мешавад.Ин навбат мақомоти вилояти Маскав эълон намуданд, ки сар аз соли нав муҳоҷирони патентдорро дар баъзе соҳаҳои муҳим ба кор қабул нахоҳанд кард. (видео)
- Дар Русия муҳоҷиронро аз хобгоҳашон ронданд. Пулиси Санкт Петербург аз боздошти ду муҳоҷир ва 4 зодаи Русия хабар дод, ки гӯиё ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ кумак мекардаанд. Ба гуфтаи пулис, яке аз дастгиршудаҳо ҳамроҳи писараш муҳоҷиронеро меҷустанд, ки ба сабти ҷойи иқомат ниёз доштанд. (видео)
- Ба Доналд Трамп дигарбора сӯиқасд карданд. Рӯзи 15-уми сентябр марде ба ҷони Доналд Трамп, номзад ба мақоми президенти Амрико талоши сӯиқасд кардааст. Мақомот гуфтанд, Трамп осеб надидааст ва сиҳату саломат аст. Ин бори дуюм аст, ки ба сӯи Доналд Трапм тир меандозанд. (видео)
- Чаро даъват доранд, ки тоҷикон ба Русия нараванд? Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаҳои охир роҳ надодани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар шиддат гирифтааст. (видео)
- "Фарзандонамро гирифту худамро барои депорт ба милисаи Русия супурд". Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" зани тоҷик Гулшан Мукаррамова мебошад, ки мегӯяд бо ташаббуси шавҳари собиқаш аз Русия ихроҷ ва аз дидори фарзандонаш маҳрум шудааст. (видео)
- Ба доди Истадойи фақиру муҳтоҷ кӣ мерасад? Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки тақрибан даҳ сол боз дар шароити сахт дар хонаи қадима ва нимавайрон зиндагӣ мекунад. Ин зан мегӯяд, муроҷиатҳои батакрори ӯ ба мақомоти Панҷакент мушкилашро ҳал накард. Мансабдорон дар номаҳои расмӣ гуфтаанд, ки имкони сохтмони манзили зисташро надоранд. (видео)
- Чаро домодҳои тоҷик арӯсро монда ба Русия мераванд? Дар Тоҷикистон, ки мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳ идома дорад, муҳоҷирати домодҳои ҷавон ба Русия авҷ гирифтааст. Баъзеҳо ҳато моҳи асал бо завҷаи ҷавонро нагузаронида барои кор ба Русия мераванд, то онҳоро ба артиш набаранд. (видео)
- Аз кори мактаб шикоят кард, ҳоло дар додгоҳ ҷавоб мегӯяд. Дар Душанбе баҳси як сокини шаҳр бо мудири як мактаб то ба додгоҳ рафтааст. Волидайни ду наврасе, ки дар литсейи рақами 5 дарс мехонанд, ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ки аз онҳо барои таҳсили бачаҳояшон ба додгоҳ кашидааст. (видео)
- Нақши тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе "Конфронси байналмилалӣ оид ба нақши уламо ва зиёиёни тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ" ҷараён дорад. (видео)
- Масъули ҳамла ба муфтии Тоҷикистон дастгир шудааст. Рӯзи 11-уми сентябр дар Душанбе ҳамлагари ҷавоне бо корд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро маҷруҳ кард. Ҳоло ин ҷавон дастгир шудааст. (видео)
- Мунозираи Трамп ва Ҳаррис. Аз буҳрони муҳоҷират то Эрон ва Исроил. Нахустин мунозира миёни Доналд Трамп ва Камала Ҳаррис, ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар шаҳри Филаделфияи иёлати Пенсилвания баргузор шуд. Дар ин мунозира ин ду рақиб ба якдигар тохтанд ва аз барномаҳои якдигар интиқод карданд. (видео)
- Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ба Русия сафар накунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Сафорат рӯзи 10-уми сентябр хабар дод, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия назорати сахт ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳоло ба Русия наоянд. (видео)
- Қимати газ дар Тоҷикистон дигарбора боло рафт. Дар Тоҷикистон қимати гази моеъ, яке аз серистифодатин навъи сӯзишворӣ - дар муқоиса бо моҳҳои гузашта бисёр боло рафтааст. Бар асоси мушоҳидаҳои муассисаҳои имдодӣ қимати як литри гази моеъ назар ба як моҳ пеш ҳоло 17 дар сад ва дар муқоиса ба соли гузашта 30 дарсад болотар аст. (видео)
- Дарс дар мактаби “Сомониён”оғоз шуд, мушкил мондааст. Дар ягона мактаби миёнаи муҳоҷирони афғон дар Душанбе, 10-уми сентябр соли нави таҳсил шурӯъ шуд. Дари мактаб дар ҳоле дубора боз шуд, ки ҳамоно масъалаи иҷозатномаи фаъолият дар ин муассиса ҳалли худро наёфтааст. (видео)
- Қаламрави давлати сомониён бузургтар будааст. Давлате, ки Исмоили Сомонӣ асос гузошт, паҳнояш бештар аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯз буд. Як муҳаққиқи тоҷик дар таҳқиқи худ марзи давлати Сомониёнро дақиқ намудааст. (ВИДЕО)
- Дар Русия паҳлавони тоҷикро ба мусобиқаи байналмилалӣ роҳ надоданд. (видео)
- "Фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия боиси коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон мешавад". Бонки ҷаҳонӣ, тағйирот дар қонунгузориҳои Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва поин рафтани рубли русиро аз омилҳое, медонад, ки метавонад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузорад.Ин ниҳоди байналмилалии молӣ чунин пешбинияшро дар як гузориши тозаи худ зикр кардааст. (видео)
- Дар Хуҷанд фаъолони шаҳрвандӣ дар бораи ҳамоҳангиву ҳамкории бештар ҳарф заданд. (видео)
- Рӯзи 8 сентябр овозхон маъруфи тоҷик Далер Назаров 65-сола мешавад. Ду рӯз қабл аз ин ҷашн ӯ сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ шуд. Номи ин ҳунарманд берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам машҳур аст. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ки оё Далер Назаровро мешиносанд ва кадом сурудҳояшро меписанданд? (видео)
- "Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфтааст". Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқдони шинохта, ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад. Ӯ рӯзи 12-уми июли имсол дастгир шуд. Наздиконаш мегӯянд, аз он лаҳза то кунун ба ӯ ба боздоштгоҳ хӯроку либос мебаранд. (видео)
- Бавария: "Мубориза бо ифротгароӣ" ё "исломситезӣ"? Вазорати корҳои дохилии вилояти Баварияи Олмон навореро, ки бо иддаои мубориза бо тундгароии исломӣ нашр карда буд, пас аз танқидҳои сахт пок кард. (видео)
- Ҳамлаи навбатии Бастрикин ба муҳоҷирон. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар вилояти Маскавро нигарокунанда номидааст. (видео)
- Ахбори Озодӣ аз 3-юми сентябри соли 2024. Додгоҳи Русия чор муҳоҷири тоҷикро барои куштори ҳамватанонашон аз озодӣ маҳрум кард, узви ДОИШ Парвиз Саидраҳмонов дар Тоҷикистон маҳбус асту ҳамсараш дар зиндони Русия, ҳашари мардумӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва мушкили мактабҳои динии Фаронса. (видео)
- Фаронса дастгирии молии мактабҳои диниро маҳдуд мекунад. Дар чорчӯби мубориза бо ҷудоихоҳии исломӣ Президенти Фаронса Эмануэл Макрон иқдомҳои ҷиддӣ раҳандозӣ намуда, аз ҷумла сармоягузории мактабҳои диниро маҳдуд кардааст. Аммо устодон ва волидони муҳассилини ин мактабҳо исрор меварзанд, ки ифротгароҳои динӣ дар ин гуна мактабҳо таҳсил намекунанд. (видео)
- Милиса фиребгари нобиноёни Ҳамадониро меҷӯяд. Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст. (видео)
- Кай пули пайвасткунандаи Душанбе бо Рӯдакиву Ваҳдат таъмир мешавад? (видео)
- Милиса фиребгари нобиноёни Ҳамадониро меҷӯяд. Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст. (видео)
- Баҳси оилаи маъюбон бо ширкати Раҳмон-2016. Бо афзоиши сохтмони баландошёнаҳо дар Душанбе шикоят аз ноадолатиҳо ва нодида гирифтани ҳаққи сокинон низ зиёд шудааст. Як хонаводаи иборат аз чаҳор маълул аз як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе шикоят доранд, ки ноодилона замини онҳоро гирифта мехоҳад, дар ҷояш баландошёна созад. (видео)
- Ба муҳоҷирон дар Тоҷикистон кор медиҳанд? Бо идомаи рондани муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва ё бозгашти ихтиёрии онҳо масъалаи таъмини лашкари азими муҳоҷирони рондашуда бо кор пеш омадааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, кор зиёд аст, вале муҳоҷирони собиқ худашон намехоҳанд дар ватану пеши фарзандон кор кунанд. (видео)