Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки дар идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия теъдоди бештари ғайринизомиён дар Украина кушта ва захмӣ шуда, зербунёдҳои муҳим осеб дидаанд.
Раисҷумҳури Украина барои ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (UNGA) дар Иёлоти Муттаҳида аст. Вай рӯзи 25-уми сентябр суханронӣ хоҳад кард.
Зеленский то кунун бо гурӯҳе аз вакилони Конгресс суҳбат карда, аз он чи пуштибонии пайвастаи Амрико аз Киев хонд, ибрози сипос намуд. Вай ба нақши муҳими Амрико барои муҳофизат аз озодии Украина низ таъкид кард.
Иёлоти Муттаҳида, пуштибони аслии Украина ва ҳампаймонҳои ғарбии он, ба Киев кумакҳои чандмиллиарддолларӣ расонда, ҳамзамон ба зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ кардаанд.
Раҳбари Украина рӯзи 26-уми сентябр бо президенти Амрико Ҷо Байден дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Мулоқоти ӯ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва сарвазири Ҷопон Фумио Кишида низ дар назар аст.