Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки ин хатсайро ширкати узбекии "Olmaliq Isuzu Trans" дар ҳамроҳӣ бо ширкати тоҷикии "Khujand Trans Service" ташкил кардааст.
Автобусҳо аз шаҳри Олмалик соати 7-и субҳ ва аз Хуҷанд соати 10-уи субҳ ба роҳ мебароянд. Нархи билет аз тарафи Узбекистон 60 ҳазор сӯм (наздик ба 50 сомонӣ) ва аз тарафи Тоҷикистон 60 сомонӣ муайян шудааст.
Масъулони ширкати "Khujand Trans Service" бо изҳори нигаронӣ аз кам будани мусофирон гуфтаанд, дар масири нав аллакай автобусҳо ду бор ҳаракат кардаанд.