Ссылки доступа

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ҷанги Фаластин поён дода шавад


Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад.

Ӯ рӯзи 24-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт: "Дар робита ба масоили амниятӣ, мехоҳам таъкид намоям, ки буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи кишвари мо мебошад. Вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад."

"Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад. Умед дорем, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид," – афзуд ӯ.

Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябри имсол аз Қатъномае ҷонибдорӣ кард, ки берун рафтани нерӯҳои Исроилро аз Навори Ғазза талаб мекунад. Намояндаи Исроил, онро “нанговар” хонд. Амрико ва сездаҳ кишвари дигар ба монанди Аргентина, Чехия, Маҷористон (Венгрия) ва Парагвай ба зидди Қатънома раъй доданд.

Ҳоло ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва амалиёти нерӯҳои он дар Навори Ғазза идома дорад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, аз замони оғози ҷанг дар моҳи октябри соли гузашта то кунун бештар аз 50 ҳазор фаластинӣ ва аксаран занону кӯдакон дар Ғазза кушта шудаанд.

Ин ҷанг баъди он оғоз ёфт, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафар, аксаран ғайринизомиёнро кушта ва беш аз 250 нафарро гаравгон гирифтанд.

XS
SM
MD
LG