Ссылки доступа

БМФ: Пригожин беш аз $20 млрд дороӣ дорад


Наздикони бунёдгузори ширкати муздурии "Вагнер" Евгений Пригожин дар Итолиё қасре доштаанд, ки 3,5 миллион евро арзиш дорад ва дороиҳои худи ӯ ба беш аз $20 миллиард мерасидааст.

Бунёди мубориза бо фасод (БМФ) дар натиҷаи як таҳқиқот муайян кардааст, ки писари раҳбари "Вагнер" Павел бо Екатерина Инкина, духтари соҳибкори петербургӣ Сергей Инкин издивоҷ кардааст.

Тибқи иттилои БМФ, Павел соли 2017 дар шаҳри Форте-деи Мармии Итолиё қасреро, ки тақрибан 400 метри мураббаъ масоҳат дорад, ба маблағи 3,5 миллион евро харидааст. Дар ин шаҳр олигархҳои рус Роман Абрамович ва Олег Дерипаска қаср доранд. Муовини нахуствазири Русия Александр Хлопонин низ дар онҷо хона дошт, вале баъдан онро ба соҳибкор Михаил Прохоров фурӯхтааст.

Шарикони мухолифи рус ва бунёдгузори БМФ Алексей Навалний ҳамчунин муайян кардаанд, ки чи тавр Пригожин аз қарордодҳои давлатӣ маблағ ба даст меорад. Аз ҷумла, муҳофизи собиқи яке аз ширкатҳои Пригожин Арсений Бердяев ҳамчун молики ширкати "Технология" қайд шудааст. Ин ширкат воҳидҳои низомии Русия, аз ҷумла воҳидҳоеро, ки дар қаламравҳои ишғолии Украина ҳастанд, бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Бар асоси маълумоти бунёд, "Технология" дар давоми якуним соли охир ба маблағи 847 миллион рубли русӣ қарордоди давлатӣ имзо кардааст.

Як ширкати дигари Пригожин - "Кулинар" ба номи Надежда Тихонова, корманди ширкати "Конкорда" сабт шудааст. "Кулинар" зиёфатҳои Вазорати дифои Русияро ташкил мекунад ва дар як соли охир он 262 миллион рубл даромад доштааст.

Бар асоси манбаъҳои боз, Пригожин ҳудуди ду триллион рубл ($20 млрд) дороӣ дорад.

Зархаридони “Вагнер”, ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.

Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG