Ссылки доступа

Дар Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев санаи интихоботи пеш аз муҳлати президентии ин кишварро 7 феврали соли 2024 таъйин кардааст.

Дар ин бора бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ бо истинод ба фармони Илҳом Алиев хабар додааст.

Бар асоси қонун, интихоботи навбатии президентии Озарбойҷон бояд соли 2025 баргузор мешуд.

Президенти Озарбойҷон тибқи тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсияи он кишвар ворид шуд, барои 7 сол интихоб мешавад. Қаблан давраи президентӣ 5 сол буд.

Интихоботи ахири президентии Озарбойҷон 11 апрели соли 2018 баргузор шуда буд. Он бояд моҳи октябр баргузор мешуд, вале бо фармони Алиев чанд моҳ пеш сурат гирифт. Раҳбарони мухолифон интихоботро таҳрим карда, Алиевро дар худкомагӣ ва таъқиби дигарандешон айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG