Ссылки доступа

Русия баскетболбози амрикоиро 9 сол зиндонӣ кард


Бриттни Грайнер
Бриттни Грайнер

Додгоҳе дар вилояти Москваи Русия баскетболбози амрикоӣ Бритни Грайнерро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор эълом ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Грайнер моҳи феврал дар фурудгоҳи Шереметевои Русия боздошт шуда буд. Аз ҷузвдони ӯ равғани ҳашиш пайдо карданд, ки истифодаи он дар Русия манъ ва дар баъзе аз иёлатҳои Амрико иҷозат аст.

Ӯ дар клуби занонаи баскетболи Екатеринбург бозӣ кардааст ва ҳамчунин дар ҳайати тими миллии ИМА ду бор ғолиби бозиҳои олимпӣ шудааст. ИМА моҳи май боздошти Грайнерро "ғайриқонунӣ" номид ва парвандаи вайро дар ихтиёри фиристодаи махсуси президент дар умури гаравгонҳо гузошт.

Русия ва ИМА имкони табодули эҳтимолии Грайнер ва як амрикоии дигари маҳкумшуда дар Русия Пол Уиланро бо русҳое, ки дар Амрико зиндонӣ ҳастанд, баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG