Ссылки доступа

Amnesty International: Соли 2022 дар ҷаҳон 883 кас эъдом шудааст


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Amnesty International", ки иҷрои ҳукмҳои қатлро дар ҷаҳон пайгирӣ мекунад, мегӯяд, соли гузашта дар кишварҳои гуногун 883 кас эъдом шудааст.

Ин иттилоъ дар гузориши солонаи “Афви байналмилал”, ки 16 май нашр гашт, оварда шудааст.

Ба ин арқом “садҳо” шаҳрванди Чин, ки ба қатл маҳкум шудаанду омори онҳо махфӣ мемонад, шомил намешавад. Дар Арабистони Саудӣ соли гузашта танҳо дар як рӯз 81 кас эъдом карда шудааст.

Чин давоми солҳои ахир дар қатори кишварҳое дар ин раддабандӣ қарор мегирад, ки ҳукми қатли бештар дар онҳо содир мешавад. Соли гузашта дар Эрон 576, дар Арабистони Саудӣ 196, дар Миср 24 ва дар Амрико 18 эъдом сурат гирифтааст.

Ҳукми қатл асосан бештар дар Куриёи Шимолӣ, Ветнам ва Чин содир мешавад ва омори он дар ин кишварҳо махфӣ аст.

XS
SM
MD
LG