Ссылки доступа

AI: Русия ба Харков бомбҳои хушаӣ партофтааст


Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар - Amnesty International 13 июн дар гузориши нави худ гуфтааст, садҳо ғайринизомӣ дар натиҷаи партоби бомбҳои хушаӣ ва мушакҳои идоранашавандаи Русия дар Харков кушта шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, тирборони такрории маҳаллаҳои истиқоматӣ дар Харков бетартибона аст ва аз ин рӯ, мешавад онро ҷинояти ҷангӣ гуфт.

Созмон иддао карда, ки дар бораи истифодаи батакрори бомбҳои хушаӣ ва минаҳои зидди пиёдагардон аз ҷониби Русия далелҳои раднашаванда дорад. Истифодаи ингуна аслиҳа дар конвенсияҳои байналмилалӣ манъ карда шудааст. Русия иддаои истифодаи аслиҳаи мамнуъро рад мекунад.

Минтақаҳои аҳолинишини Харков аз рӯзҳои аввали ҳамлаҳои Русия ба Украина мавриди бомборон қарор доштанд ва зарбаҳои пайи ҳами артиши Русия ба шаҳре, ки якуним миллион аҳолӣ дорад, зарари калон расондааст.

Мувофиқи маълумоти маъмурияти ҳарбӣ-мадании Харков, дар ҷангҳои Украина 606 сокини ин минтақа ҷон бохта, 1248 нафар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG