Ссылки доступа

AP: ИМА дар ҳаҷми $400 млн ба Украина кӯмаки иловагии низомӣ мефиристад


РСЗО HIMARS
РСЗО HIMARS

ИМА дар ҳаҷми 400 млн доллар ба Украина кӯмаки иловагии низомӣ ирсол мекунад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба манбаҳои худ иттилоъ медиҳад.

Дар бастаи нави кӯмакҳо бесарнишинҳои Hornets шомил ҳастанд, ки ин навъи бесарнишинҳо асосан барои ҷамъ овардани иттилои иктишофӣ истифода мешаванд.

Дар баста ҳамчунин мушакҳо барои тӯпхонаи HIMARS ва низоми зиддимушакии NASAMS, мушакҳои зиддитонкии "Стингер" ва "Ҷавелин", тир барои зиреҳпӯшҳо, 28 млн тир барои силоҳи оташфишон ва 32 мошини зиреҳпӯши "Страйкер" ва дигар навъи муҳимоти ҷангӣ шомил аст.

Аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба хоки Украина, ИМА дар ҳаҷми бештар аз 41 млн доллар ба Киев кӯмаки низомӣ ирсол кардааст.

XS
SM
MD
LG