Ссылки доступа

Додгоҳи ҳакамии Москва Радиои Озодиро дар Русия муфлис эълом кард


Додгоҳи ҳакамии шаҳри Москва субҳи 13 март бахши русиягии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро муфлис эълом кард.

Хадамоти федеролии андози Русия 4 марти соли 2022 ба додгоҳи ҳакамии шаҳри Москва муроҷиат ва талаб кард, ки Радиои Озодиро дар ин кишвар иҷборан муфлис эълом кунад.

Фишор болои рӯзноманигорони радио дар Русия дар моҳҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза афзуда буд. Радиои Озодӣ 6 марти соли гузашта эълом карда буд, ки фаъолияташро дар дохили Русия қатъ мекунад.

Сабаби муфлисшавии Радиои Озодӣ дар Русия худдории ин радио аз пардохти ҷаримаҳое буд, ки мақомоти Русия ба он баста буданд. Мақомоти Русия аз Радиои Озодӣ талаб мекарданд, ки дар ҳар кадом матлаби худ "агенти хориҷӣ" буданашро эълом кунад. Радио ин талабро иҷро накард ва ба ин далел мақомоти Русия онро дар маҷмуъ 13 миллион ҷарима баст. 18 рӯзноманигори бахши русии радио аз сӯи вазорати адлияи Русия ҳамчун "агенти хориҷӣ" эълом шуданд.

XS
SM
MD
LG