Наздиконаш аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд, аммо як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва "аз тарафи муфаттиш ба ҳабс кашида шуд". Ин даъват аз тарафи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ба амал омадааст.
Як манбаъи наздик ба ин мақомот ба шарти зикр нашудани номаш бо надоштани ҳаққи сухан дар ин бора, рӯзи 18-уми июл ба Радои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба парвандаи раиси пешини ҲДТ ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуда, дар ИВС ё Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Мақомот то кунун дар бораи боздошти ҳуқуқшиноси шинохта расман хабар надодаанд. Наздиконаш дар талош ҳастанд барои Шокирҷон Ҳакимов вакили мудофеъ пайдо карда, ба ин восита аз ҷузъиёти парванда ва аҳволи ӯ дар боздоштгоҳ хабардор шаванд.
Шокирҷон Ҳакимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, аммо аз 7-уми июл ба ин сӯ ӯ вориди ҳеч яке аз сафҳаҳо нашудааст ва тақрибан аз он вақт телефонаш хомӯш аст.
Ба гуфтаи чандин нафар, вай ҳамчунин натавонистааст дар маросими дафни модараш рӯзи 16-уми июл ширкат кунад.
Шокирҷон Ҳакимов 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда ва соли 1983 мактаби таҳсилоти умумии №1-и ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаро хатм кардааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи нерӯҳои ҳавоии собиқ Шӯравӣ дар Шарқи Дур хизмат намудааст.
Баъдан дар факултети механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсилро идома додааст.
Шокирҷон Ҳакимов 4 сол аспиранти Инситути фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ва 4 соли дигар докторанти Инситути давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамчунин 3 сол ҳамчун коромуз ва муҳаққиқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав кор кардааст.
Муаллифи 3 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ, 7 монография ва 1 китоби дарсӣ барои хонандагони мактабҳои миёна мебошад.
Аз лаҳзаи таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 2002 узви ҳизб ва баъдан муовини раиси ҲСДТ аст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.