Ба иттилои тафтишот, Очилов аз моҳи феврали соли 2022 то марти 2024 ба марказҳои тиҷоратие дар Новосибир рафта, "дар мазҳари ом дар бораи ҷанг дар Украина маълумоти бармало бардурӯғ додааст" ва инчунин "қарори президенти Русия, ҳукумати Русияро дар бораи баргузории амалиёти махсуси низомӣ" танқид кардааст.
Ба илова, тавре тафтишот муайян кардааст, ин мард дар маконҳои умумӣ борҳо "нисбати занони рус фаҳшгӯӣ ва онҳоро таҳқир кардааст".
Очилов дар додгоҳ гуфтааст, ки соли 2012 ба Русия омада, соли 2021 ҳаққи иқомат дарёфт кардааст. Вай моҳи феврали 2024 барои дарёфти шаҳрвандии Русия дархост додааст. "Ҳамчунин муайян карда шуд, ки аъзои хонаводаи вай - ҳамсар ва фарзандонаш - аз моҳи ноябри соли 2022 дар ҳудуди Русия зиндагӣ мекунанд", - омадааст дар хабари додгоҳ.
Кумитаи тафтишотии Русия нисбати Очилов охири моҳи марти имсол парванда боз кард. Ин зодаи Тоҷикистон дар бозоре дар Новосибир кор мекард.