Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси Алсу Қурмашеваро дар Русия дароз карданд


Алсу Курмашева
Алсу Курмашева

Додгоҳе дар шаҳри Қазони Русия рӯзи 1-уми апрел муҳлати ҳабси рӯзноманигори боздоштшудаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро дароз кард.

Бар асоси қарори нав, ӯ то 5-уми июни имсол дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳад монд. Дархости вакили мудофеъ барои раҳоии Алсу Қурмашева аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ва монданаш дар ҳабси хонагӣ рад шудааст.

Алсу Қурмашева пас аз мурофиа ба намояндагони расонаҳо аз вазъи бисёр бади нигаҳдорияш хабар дод. Ӯ гуфт: "Ҳуҷраи нигаҳдорӣ барои ду нафар ҳамагӣ панҷ метри мураббаъ аст. Оби гарм нест... Ба ҷойи ҳоҷатхона фаршро сӯрох кардаанд. Ҳатто ним метр ҷойи холӣ нест! Ду кати хобравӣ ҳаст, миз нест. Деворҳо фарсудаанд, эҳтимол ним аср боз таъмирро надидаанд."

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст.

Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

XS
SM
MD
LG