Ссылки доступа

Арманистону Озарбойҷон розӣ шуданд, муайянсозӣ ва таъмини амнияти марзро шуруъ кунанд


Президент Азербайджана Ильхам Алиев, глава Евросовета Шарль Мишель и премьер-министр Армении Никол Пашинян
Президент Азербайджана Ильхам Алиев, глава Евросовета Шарль Мишель и премьер-министр Армении Никол Пашинян

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел шуруъи кори комисияи муайянсозии марзи Озарбойҷону Арманистонро эълом карданд.

"Дар натиҷаи гуфтугӯҳо дар бораи идомаи корҳои равобити минтақаӣ, оғози кори комисияи муайянсозӣ ва амнияти марз созиш ҳосил шуд", - хабар дод маркази матбуотии ҳукумати Арманистон.

Дар мулоқоти сеҷонибаи Арманистону Озарбойҷон ва Шӯрои Аврупо дар Брюссел раванди гуфтугӯи танзими муносибатҳои Озарбойҷону Арманистон, инчунин масъалаи марбут ба ҳалли мушкили Қарабоғи Куҳӣ баррасӣ шудааст.

"Ҳамчунин созиш ҳосил шуд, ки мулоқотҳои сеҷониба идома ёбанд", - хабар дод ҳукумати Арманистон.

Ҷониби Озарбойҷон то ин замон мулоқот дар Брюсселро шарҳ надодааст.

Ин севумин дидори рӯ ба рӯи президенти Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон баъди низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ дар соли 2020 аст.

Мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки дар Еревани Арманистон эътирози мухолифин идома дорад. Мухолифон сарвазир Пашинянро дар гузашт кардан дар масъалаи Қарабоғи Куҳӣ айбдор мекунанд ва итеъфои ӯро талаб доранд.

Баҳси марзӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Куҳӣ аз охири солҳои 1980 аст, ки идома дорад. Сокинони асосан арманитабори вилояти худмухтори Қарабоғи Куҳӣ бо пуштибонии Арманистон изҳор доштанд, ки аз ҳайати Озарбойҷони Шӯравӣ хориҷ мешаванд ва моҳи сентябри соли 1991 аз ташкили "Ҷумҳурии Қарабоғи Куҳӣ" хабар доданд.

Дар низоъи солҳои 1988-1994 дар ин минтақаи ҷудоихоҳ 30 ҳазор кас кушта шуд. Қарабоғи Куҳӣ ва чанд ноҳияи атрофи он амалан ба ихтиёри неруҳои низомии Арманистон гузаштанд. Дар натиҷа садҳо ҳазор одам, асосан озариҳо гуреза шуданд.

"Ҷумҳурии Қарабоғи Куҳӣ"-ро расман ҳеч кадом кишвари узви СММ, аз ҷумла Арманистон эътироф накард. Аз соли 1993 СММ чаҳор маротиба қатънома қабул ва талаб кард, ки артиши Арманистон аз Қарабоғ берун бароварда ва ин минтақа ҳудуди Озарбойҷон эътироф шавад.

Баъди низоъи навбатӣ дар охири моҳи сентябри соли 2020 Озарбойҷон ноҳияҳои атрофи Қарабоғи Куҳӣ ва шаҳри Шушаро зери назорат гирифт. Як рӯз баъд аз он сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Русия Владимир Путин дар бораи оташбас дар Қарабоғи Куҳӣ созишнома имзо карданд.

Бино ба созишномаи ҳосилшуда, Арманистону Озарбойҷон ҳудудҳоеро дар ихтиёри худ боқӣ гузоштанд, ки низомиҳояшон дар лаҳзаи имзои созишнома қарор доштанд. Дар хати бархурди ду ҷониб неруҳои посдори сулҳи Русия ҷойгир шуданд.

XS
SM
MD
LG