Ссылки доступа

Арманистон Озарбойҷонро дар эъдом ва шиканҷаи асирон айбдор кард


Вазорати умури хориҷии Арманистон Озарбойҷонро дар эъдому шиканҷаи асирони низомӣ ва таҳқири ҷасади кушташудаҳо айбдор кард.

"Чанд наворе, ки корбарони озарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ҷиноятҳои ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷонро нишон медиҳанд", - иқтибос овардааст бахши арманистонии Радиои Озодӣ аз изҳороти вазорат.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Арманистон Кристина Григорян ҳам 2 октябр изҳор дошт, ки коршиносон воқеӣ будани видеои эъдоми ғайриқонунии 7-8 сарбози арманиро, ки дар ҷараёни задухӯрдҳо бо Озарбойҷон асир афтода буданд, тасдиқ карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки макон ва замони содир шудани ҷиноят муайян шуда, ҳодиса рӯзи 13 сентябри имсол рух додааст.

Бино ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон иддаои Арманистонро бепоя хондааст. Боку дар посух Ереванро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ айбдор кардааст.

XS
SM
MD
LG