Пашинян дар посух ба суоли вакили мухолифи порлумони Арманистон, ки пурсид, чаро Ереван СПАД-ро интиқод мекунад, вале аз ҳайати он берун намешавад, гуфт, "мо хориҷ мешавем ва тасмим хоҳем гирифт, ки кай".
Сарвазири Арманистон дақиқ нагуфт, ки кишвараш кай аз ҳайати СПАД берун мешавад. Ӯ танҳо гуфт, ин кор замоне сурат мегирад, ки мақомоти Арманистон онро лозим донанд.
"Шумо чӣ фикр доред? Гоми навбатӣ чӣ хоҳад буд? Фикр мекунед, ба ақиб бармегардем? Не, нигарон набошед. Ба ақиб барнамегардем", -иқтибос овардааст "Интерфакс" аз суханони Пашинян.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Арманистон Ани Бадалян рӯзи 8 майи имсол хабар дода буд, ки маблағгузории СПАД-ро қатъ мекунанд.
Пашинян ҳам моҳи феврали имсол гуфта буд, ки Ереван узвияташ дар ин созмонро амалан қатъ мекунад. Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.
Пашинян ва чанд мақоми дигари ҳукумати Арманистон гуфтаанд, ки дар талоши гуногунсозии сиёсати хориҷии кишварашон мебошанд.