Хабаргузории ТАСС аз қавли ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ Гегам Степанян иттилоъ дода, ки дар ин ҳодиса 105 тани дигар захмӣ гаштааст.
Дар Вазорати тандурустии Арманистон гуфтанд, изҳороти раҳбари ин ниҳод Анаит Аванесян дар бораи берун бурдани 125 ҷасад аз Қарабоғ ба ин таркиш рабт надорад. "Вазир теъдоди умумии ҷасадҳоеро эълом кард, ки аз Қарабоғ ба Арманистон интиқол дода шуданд", - иқтибос овардааст расонаи "Медуза" бо истинод ба "24News”.
Манбаъ афзуда, ки 67 осебдидаи дигар дар бемористони шаҳри Ереван бистарӣ ҳастанд ва вазъи бештари онҳо вазнин гуфта мешавад.
Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикиҳои шаҳри Степанакерт, ки дар онҷо ба гурезаҳои озими Арманистон бензин тақсим мекарданд, шаби гузашта рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, мошини бензинкаш таркидааст. Сабабҳои таркиш феълан маълум нест.