Дар ин изҳорот омадааст, ҷонибҳо нияти "имзои созишномаи сулҳро доранд, ки ин созишнома ба эҳтироми усули мустақилӣ ва ягонагии арзӣ асос ёфтааст".
Дар матни изҳорот омадааст, байни кишварҳо "дар мавриди қадамҳои устуворе оид ба тақвияти эътимод миёни ду давлат созиш ҳосил шудааст". Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди табодули асирон ба созиш расидаанд. Ба ин тартиб, ҷониби Озарбойҷон 32 асири низомии арманистонӣ ва Арманистон 2 асири низомии озарбойҷониро озод хоҳад кард.
Муносибати Озарбойҷону Арманистон ба далели низоъ атрофи Қарабоғи Куҳӣ яке аз оштинопазиртарин муносибатҳо дар дунёи муосир унвон мешуд. Қарабоғи Куҳӣ бино ба ҳуқуқи байналхалқӣ ба Озарбойҷон тааллуқ дошт, аммо баъди амалиёти низомӣ дар ибтидои солҳои 1990 Қарабоғ аз сӯи неруҳои Арманистон идора мешуд.
Моҳи сентябри соли 2023 артиши Озарбойҷон амалиёти навбатии низомиро дар минтақа роҳандозӣ ва Қарабоғи Куҳиро комилан ба идораи худ даровард. Дар натиҷа ҳукумати худхондаи Қарабоғи Куҳӣ пароканда шуд.