Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон - Боқиевро барои фасодкорӣ ғоибона 10 сол зиндон карданд


Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро бо айби фасодкорӣ дар кони тилои Қумтор ғоибона 10 сол зиндон карданд. Дар ин бора аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд.

Дар маҷмуъ, солҳои зиндони Боқиев ба 30 расид.

Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар пайи "Инқилоби лолаӣ" сари қудрат омад. Аммо дар ҷараёни инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз қудрат барканор шуд. Он замон 87 кас кушта шуда буд.

Вай аз Қирғизистон фирор ва дар Белорус паноҳ бурд.

Мақомоти Қирғизистон истирдоди ӯро талаб доранд. Боқиев ва хонаводаашро дар Қирғизистон дар ташкили сӯиқасд ба ҷони тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG