Шеваи нав феълан дар 140 мактаб санҷишӣ ҷорӣ шудааст. Аммо баъзе омӯзгорон гуфтанд, муҳим сифати таълим аст, на шеваи баҳогузорӣ.
Давлат Имомназаров, як масъули Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба Радиои Озодӣ гуфт, бартариҳои низоми навро чунин шарҳ дод:
"Моҳияти ин низом аз донистан ба тавонистан гузаштан аст. Имрӯз 80-90 дарсади муаллимон фақат дониши назариявиро мепурсанду баҳо медиҳанд. Яъне шогирдон қориазёд мекунанду баҳо мегиранд ва исботу амалӣ кардани онро наметавонанд, далелҳои муътамад оварда наметавонанд. Низоми даҳхола бештар аз хонанда амалро талаб мекунад ва маҳорати омӯхтанро дар хонанда ташаккул медиҳад."
Имомназаров афзуд, феълан баҳои гузоштаи муаллимон дар низоми панҷбалла, дониши аслии толибилмро арзёбӣ намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин ҳолат яке аз сабабҳои рӯ овардан ба усули нави баҳогузорӣ шудааст.
"Дар ин чанд моҳи озмоиш бачаҳо ҳаракат мекунанд, ки болотар раванду болотар раванд. Яъне аз як хол ба холи ду гузаштан ва аз ду ба се гузаштан як амал аст ва ин ҳавасманд мекунад. Лекин ҳама чиз дар дасти муаллим ва шӯъбаҳои маориф аст. Агар таваҷҷӯҳ накунанд, нашавад, ки ба мисли баҳогузории панҷхола шавад,"-гуфт Давлат Имомназаров.
Ӯ мегӯяд, дар низоми баҳогузории даҳхола баҳои 10- аъло, 9- олӣ, 8 -хубтар, 7-хуб, 6-қаноатбахш, 5 -кофӣ, 4- кам, 3-нокифоя, 2-паст ва 1- пасттар пешбинӣ шудааст.
Вазорати маориф бо ҷалби шарикони рушд, аз ҷумла ЮНЕСКО омӯзиши низоми баҳогузории 10 холаро дар мактабҳо идома медиҳад. Вале на ҳамаи омӯзгорон аз шеваи нав огаҳӣ доранд ва барои ҳамин ба низоми баҳогузории панҷхола бартарӣ медиҳанд.
Омӯзгор Азиза Юсуфова ба Радиои Озодӣ гуфт, айни ҳол барои ӯ низоми панҷхола беҳтар аст ва дар бораи усули нав зиёд намедонад.
«Ман ҳам розӣ, ки ба низоми баҳогузории даҳхола гузарем. Лекин пурра фаҳмонанд, ба ҳама талаботҳояш, ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда тайёр бошанд. Муҳим сифати таълим мебошад. Ҳамин низоми панҷхола ҳам ба назари ман хуб аст,»-мегӯяд Азиза Юсуфова.
Дар Вазорати маориф гуфтанд, омӯзиши низоми нав барои омӯзгорони мактабҳо марҳила ба марҳила анҷом мешавад. Дар ин ниҳод таъкид намуданд, ки низоми даҳхола дар дигар кишварҳои хориҷа натиҷаи хуб додааст. Масъулини Вазорати маориф ҳамчунин гуфтанд, бо ҷорӣ гардидани ин низом, дар барнома ва адабиёти таълимӣ низ дигаргунӣ хоҳад шуд.
Гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар ҳолест, ки солҳост дар мактабҳои Тоҷикистон мушкилиҳои дигаре ба монанди кам будани маоши омӯзгор, тарки кор кардани онҳо, ҷалби омӯзгорон ба корҳои дигар, дахолат ба кори мактаб ва сатҳу сифати таълим мавриди интиқод қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор мактаб ҳаст, ки дар онҳо 2 миллиону 280 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.