Ссылки доступа

Даҳҳо мусофири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия банд мондаанд


Чаро тоҷиконро дар марзи Русия сахт тафтиш мекунанд?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:10 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Даҳҳо мошини ҳомили тоҷикон ду рӯз боз дар гузаргоҳи "Саргарчин", дар сарҳади вилояти Урали Ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондааст.

Онҳо дар як муроҷиати видеоӣ гуфтанд, 180 мошин бо мусофирони тоҷик дар ин минтақаи марзӣ мунтазири дарёфти иҷоза барои даромадан ба хоки Русия аст.

Яке аз муҳоҷирони бандмонда дар марзи Русияву Қазоқистон рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо шабро дар дохили мошин рӯз мекунанд. "Дар се қатор мошин ҷамъ шудааст. Ҳама тоҷиканд. Намояндаҳои миллати дигар нест. Халқҳои дигар бе навбат даромада мераванд," – нақл кард ӯ.

Сабаби ҷамъ омадани мошину мусофирони зиёд ҳам ин будааст, ки дар гузаргоҳи Оренбург муҳоҷирони тоҷикро ба танҳоӣ ва бодиққат тафтишу бозпурсӣ мекардаанд.

"Ҳар як тоҷикро як соат пурсида, телефонҳояшонро санҷида истодаанд. Мақомоти Русия ҳар як кадомашро дароварда алоҳида мепурсад, ки Шумо барои чӣ омадед? Телефонҳояшонро мекобанд. Ҳозир ҳаво хунук шуд, борон борид, мардум дар мошинҳо даромада нишастаанд. Даромадан ба Русия бисёр мушкил шудааст," – илова кард ӯ.

Ба мусофирону ронандаҳои тоҷик гуфтаанд, ки наврасони то 14-сола ва шахсони аз 60-сола боло метавонанд бенавбат вориди Русия шаванд. Дигарон бояд дар навбат истанд. Ин маҳдудият ҳам фақат ба муҳоҷирони тоҷик рабт доштааст. Зодагони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бемушкил аз марз мегузаранд.

“Кадоме, ки аз 14 то 55-сола аст, бояд дар навбат истад. Дар як шабонарӯз фақат 10 мошинро роҳ дода истодаанд. Вазъият безеб, на ҳоҷатхона аст ва на ҷое, ки занону кӯдакон раванд. Ягон шароит нест. Ду шабонарӯз мардум инҷо истодаанд,” – гуфт яке аз мусофирони бандмонда.

Ба афроди бандмонда, ки дар байнашон занону кӯдакон ҳам кам нестанд, дар ин муддат хайрхоҳон обу хӯрок меоранд.

Марзи Қазоқистон бо Русия як роҳи аслии сафари шаҳрвандони Тоҷикистону ба Маскав аст. Мусофирони тоҷик мегӯянд, сафоратро дар Русия аз ҳоли худ огоҳ карданд, ваъдаи кумак гирифтанд, вале вазъ бетағйир аст. Намояндагони сафорати Тоҷикистон қазияро шарҳ намедиҳанд.

Сабаби тафтиши мӯшикофонаи муҳоҷирони тоҷик ва мушкил шудани вуруди онҳо ба Русия маълум нест, аммо аксарият бовар доранд ин пайомади ҳамлаи маргбор дар Маскав аст, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шудаанд. Баъд аз ин ҳодиса дар аксар кишварҳо бархӯрд бо тоҷикон тағйир ёфтааст.

Чанде пеш марзбонони Гурҷистон ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро ба ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳ пас гардонданд. Вуруди тоҷикон ба Туркия ҳам мушкил ва бо раводид шуд.

XS
SM
MD
LG