Ин посух баъд аз он садо дод, ки хабарнигорон 6-уми август аз масъулини "Барқи тоҷик" пурсиданд, лимити барқ кай аз байн меравад.
То имрӯз фақат ду чархаи Роғун фаъол шудааст
Абдуллоҳ Қурбонзода, муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" дурнамои масъаларо ба ду омил, яке афзоиши талабот ба барқ ва дигаре сатҳи об бастагӣ дод. Қурбонзода афзуд, масъала ба он вобаста аст, ки дар оянда чӣ қадар барқ тавлид мешавад ва талабот дар фасли зимистон чӣ қадар хоҳад буд.
"Таъминоти барқ аз резиши маҷрои дарёи Вахш вобастагӣ дорад,"-гуфт муовини раиси "Барқи тоҷик."
Як умедвории аҳолӣ ин буд, ки пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ дар моҳи июли имсол пас аз танаффуси 15-сола, мушкили барқро ҳал хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкати "Барқи тоҷик", ин иқдом ҳам наметавонад норасоии барқи Тоҷикистонро дар фасли сармо комилан бартараф кунад.
Раҷабалӣ Ҳалимов, муовини раиси ширкати "Шабакаҳои интиқоли барқ" мегӯяд, ки ҳама чиз аз кишварҳои ҳамсояҳо, бахусус Узбекистон ва Қазоқистон вобаста аст.
"Ҳарчанд Туркманистон дар кори параллелӣ ҳамроҳ нашуда бошад, вайҳо низ имконият доранд, ки ба воситаи хатҳои барқи худи Узбекистон ба мо барқ фурӯшанд. Агар имконияташон бошад".
Эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳудудияти интиқоли барқ ба сокинон чанд рӯз пештар дар нишасти хабарии Вазорати энержӣ ва захираҳои об низ садо дода буд.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири об ҳушдор дод, ки мардум барои омодагӣ ба зимистон бояд ангишт ҳам захира кунанд.
"Худи истифодабарандагони нерӯи барқ ва мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем ва дигар намуди сӯзишвориро ҳам захира намоем. Аз он ҷумла, ангишт. Дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро сари вақт бо ангишт таъмин намояд,"-гуфт вазири энержӣ.
Нигарониҳо аз маҳудудияти барқ дар тирамоҳу зимистон дар ҳолест, ки аз ҳоло сокинон шикоят доранд, ки бидуни огаҳӣ сари ҳар чанд вақт барои чанд соат бе барқ мемонанд. Мақомот ин ҳолатҳоро ба корҳои таъмир ва омодагиҳо ба зимистон рабт медиҳанд.
Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ба кор андохтани як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба "афсона" табдил хоҳад ёфт.
Аз он ба баъд, ҳар сол ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешавад, вале мақомот онро бо баҳонаҳои мухталиф рад мекунанд ва танҳо баъди нигаронии зиёди сокинон мепазиранд. Аз ҷумла, тирамоҳу зимистони сипаришуда ҳам ҳамин манзара такрор шуд.
Лимит ҳамасола, ба ҷуз аз шаҳрҳои бузург ва ВМКБ, дар тамоми манотиқи дигари Тоҷикистон аз моҳи октябр оғоз мешавад, ки 6-7 моҳ то оғози моҳи май давом мекунад. Мақомот чанд соли ахир камобии обанбори Норакро сабаби лимити барқ унвон мекунанд.