Ссылки доступа

Додгоҳи Маскав ҳамсари Алексей Навалнийро "ба ҳабс гирифт"


Юлия Навалная
Юлия Навалная

Додгоҳи Басмани шаҳри Маскави Русия Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний ва раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Foundation"-ро ғоибона ба ҳабс гирифт.

Юлия Навалная ба иштирок дар фаъолияти созмони ифротӣ муттаҳам мешавад. Дар додгоҳ рӯзи сешанбе гуфтанд, ки ӯ бо дархости муфаттишон ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Муҳлати ҷазо аз замони истирдоди ӯ ё боздошташ дар Русия ҳисоб хоҳад шуд.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳҳи Маскав гуфтанд, ҳамсари мухолифи рус таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Вале ба иттилои "Медиазона", то замони нашри ин хабар номи Юлия Навалная дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи Вазорати корҳои дохилии Русия вуҷуд надошт.

Расона ҳамчунин навишта, ки дар сомонаи додгоҳи Басман дар бораи баргузории ин мурофиа ҳам хабаре набуд.

Бар асоси иттиҳоме, ки эълом шудааст, ба Юлия Навалная то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG