Ссылки доступа

Бастрикин: Маскав муҳоҷиронро ба ҷанг мефиристад, "то кам шаванд"


Маскав муҳоҷирони кориро ба ҷанги зидди Украина мефиристад, то онҳо Русияро тарк кунанд

Ин нуктаро раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин дар як ҳамоиш дар Петербург баён доштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷир аллакай ба артиши Русия ҷалб шудааст.

"Мо ҳилаеро ошкор кардем, ки муҳоҷирон оҳиста-оҳиста Русияро тарк мекунанд. Иҷрои муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои худро шуруъ кардем, ки муҳоҷиронро вазифадор мекунад, баъди дарёфти шаҳрвандӣ худро дар қайди комиссариати ҳарбӣ гузоранд. Дар сурати зарурат ин афрод ба амалиёти махсуси низомӣ ҷалб карда мешаванд", - иқтибос овардааст РБК аз суханони Бастрикин.

Ба гуфтаи ӯ, бо масъалаи дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ гузоштани муҳоҷирон муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия машғул ҳастанд.

"Беш аз 30 ҳазор касеро дастгир карданд, ки шаҳрвандиро дарёфт намудаанд, вале намехостанд худро дар қайд гузоранд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG