Ссылки доступа

Байден ва Си Ҷинпин зидди истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина баромад карданд


Президенти ИМА Ҷо Байден ва роҳбари Чин Си Ҷинпин дар мулоқот дар ҷазираи Балӣ дар Индонезия ҷанги Русия зидди Украинаро баррасӣ карданд ва зидди истифодаи силоҳи ҳаслатӣ дар ин ҷанг баромаданд.

Дар ин бора Кохи сафеди ИМА хабар дод.

Дар хабари мазкур омадааст, ки мавзуи ҷанги Русия дар Украинаро Байден бардоштааст.

"Президент Байден ва роҳбари Чин Си Ҷинпин гуфтанд, ки ҷанги ҳастаӣ ҳаргиз набояд шуруъ шавад ва дар он касе пирӯз нахоҳад шуд ва илова карданд, ки зидди истифода ва таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина ҳастанд", - омадааст дар хабари Кохи сафед. Украина силоҳи ҳастаӣ надорад ва ин муроҷиати роҳбарони ИМА ва Чин пеш аз ҳама ба Русия нигаронида шудааст.

Дар хабари Кохи сафед ҳамчунин омадааст, ки ҷонибҳо мушкилоти мавҷуд дар муносибатҳои ду кишварро ошкоро баррасӣ карданд. Байден гуфтааст, ки ИМА бо Чин рақобат мекунад, аммо дар талоши ҷанг нест. Байден афзудааст, Вашингтон омодаи ҳамкорӣ бо Пекин дар мавзуҳое амсоли тағйирёбии иқлим, амнияти ғизоӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳифзи сиҳатӣ ҳаст.

Гуфта мешавад, Байден мавзуи риояи ҳуқуқи инсонро аз сӯи мақомоти Чин дар Шинҷон, Тибет ва Ҳонконг бардоштааст. Вай гуфтааст, ки ИМА зидди вайрон кардани вазъи кунинии Тайван аст. Дар хабари Кохи сафед ҳамчунин омадааст, ки Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии ИМА ба Чин сафар хоҳад кард.

Си Ҷинпин пеш аз мулоқот бо Байден гуфтааст, ки ду кишвар бояд "самти дуруст"-и рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро пайдо кунанд, зеро дунё инро интизор аст.

Ин нахустин мулоқоти роҳбарони ду кишвар аз замони сари қудрат омадани Байден аст. Ин мулоқот пеш аз шуруъи саммити солонаи "Гуруҳи бистгона" (G20) баргузор шуд. Мулоқоти роҳбарони 20 кишвари дорои бузургтарин иқтисоди дунё дар Индонезия имрӯз, сешанбеи 15 ноябр шуруъ мешавад.

Русияро дар ин саммит вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров намояндагӣ мекунад. Намояндагони кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, аз гуфтугӯ бо Лавров худдорӣ меварзанд.

XS
SM
MD
LG