"ИМА тамоми талоши худро мекунад, то Украина дар миёни дарёфткунандагони низоми дифои ҳавоӣ нахустин бошад", - изҳор доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Байден, ҳампаймонони ғарбӣ дар давоми моҳҳои наздик ба Украина "даҳҳо низоми дифои ҳавоии иловагӣ хоҳанд дод.
Тибқи нақша, Украина аз ИМА, Олмону Руминия чаҳор низоми "Пэтриот" ва аз Нидерландияву шарикони дигари ғарбӣ барои онҳо лавозимот дарёфт хоҳад кард. Ҳамчунин Италия ба Украина як низоми "SAMP/T" медиҳад.
"Ин панҷ низоми дифои ҳавоӣ барои ҳимояти шаҳрҳо, мардум ва сарбозони Украина мусоидат хоҳанд кард", - гуфта шудааст дар изҳороти муштараки раҳбарони Олмон, ИМА, Нидерландия, Италия ва Руминия.