Ссылки доступа

Байден дар интихоботи соли 2024 иштирок мекунад


Ҷо Байден

Президенти Амрико Ҷо Байден эълом кард, ки мехоҳад номзадияшро дар интихоботи навбатии президентии кишвараш дар соли 2024 пешбарӣ кунад.

"Ҳар як насл лаҳзаҳоеро дорад, ки бояд барои демократия истодагарӣ кард. Барои озодиҳои асосии худ истодагарӣ кунед. Ман боварӣ дорам, ки ин аз мост. Ман низ маҳз барои ин мехоҳам, дар интихоботи президентии навбатӣ иштирок кунам. Бипайвандед. Биёед, корро ба анҷом мерасонем", - навишт Байден дар шабакаи иҷтимоии Твиттер.

Муовини президенти ИМА Камала Ҳаррис ҳам гуфт, ҳамроҳ бо Байден дар интихоботи соли 2024 иштирок менамояд.

Байден, ки дар поёни давраи дувуми эҳтимолии раҳбарияш 86-сола мешавад, бовар дорад, дастовардҳои қонунгузорӣ дар давраи аввал ва таҷрибаи беш аз 50-солааш дар Вашингтон назар ба сини ӯ афзалияти бештар доранд.

Ҳизби демократ, ки Байден узви он аст, ҳанӯз аз пешбарии номзади дигаре ба интихоботи навбатӣ хабар надодааст. Аз ҳизби ҷумҳурихоҳон мумкин аст, Доналд Трамп номзад шавад. Вай солҳои 2017-2021 президенти Иёлоти Муттаҳида буд. Дар айни замон, мумкин аст, эъломи айбҳо нисбат ба Трамп ӯро аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум кунад.

Аз Рон Десантис, губернатори аёлати Флорида, номзади дигари эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳон ном бурда мешавад.

Ҷо Байден 46-умин президенти Амрико аст. Вай куҳансолтарин президенти Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG