Ба иттилои CNN, Байден изҳор дошта, ки дар марги сиёсатмадори мухолифи рус Путин гунаҳкор аст. Ӯ ин суханҳоро дар мулоқот бо ҳамсару духтари Навалний - Юлия ва Даря баён кардааст.
"Вохӯрӣ бо зану духтари ӯ бароям мояи ифтихор буд ва ошкоро гуфтам, ки ӯ (Навалний) як марди ҷасур буд" - изҳор доштааст Байден.
Қаблан муовини вазири умури хориҷии ИМА дар умури сиёсӣ Виктория Нуланд низ гуфта буд, ки Амрико алайҳи Русия бастаи нави таҳримҳоро омода мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин баста "садҳо, садҳо ва садҳо" маҳдудият хоҳад буд.